Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ОРОМИ

ХАТИ ОРОМИ

ХАТИ ОРОМИ, хатест, ки танхо аз овозхои хамсадо иборат буда, 22 харф дошт. Аввали хазораи 1 то мелод дар заминаи хати финики дар чамоаи кабилахои гарбии соми — оромихо пайдо шудааст. Кадимтарин осори хати ороми навиштачоти Бар-Хадод аз Сурияи Шимоли (асри 9 то мелод) ва Зокир аз Хамо (такрибан соли 800 то мелод) мебошанд. Баъдтар хати оромиро дигар халкхои соми — яхудиён, ошуриён, бобулиён ва гайра кабул карданд. Дар асрхои 3—2 то мелод ин хат ба якчавд шоха — хати мураббаи яхуди, хати палмири, хати набати таксим шуд. Хати ороми дар Байнаннахрайн чои хати мехии бобули ва аккадиро гирифт. Ва он на танхо навиштачоти ороста, балки дар руи сангхо, сафолпорахо ва папирусхо менавиштанд. Дар давлат (империя)-и Хахоманишиён забон ва хати ороми баъд аз хати мехии форсии кадим дуввумин забон ва хати давлати буданд («Оромии империяги) Дар Тахти Чамшед бештар аз 500 тахтачаи гилинк катибахои орами дошта пайдо гардидаанд. Аксари хатхои забонхои мибнан эрони — дахлави, порти, сугди, монави, хоразми ва гайра дар асоси хати ороми пайдо шуданд. Дар баъзе забонхои эрони барои пурра ифода кардани овозхои забон ба хати ороми аломатхои диакритики илова мешуданд.
Адабиёт: Фридрих И.. История письма, Москва, 1979. А. Хромов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …