Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХАЛКЧИГИ

ХАЛКЧИГИ

ХАЛКЧИГИ, идеология ва харакати интеллигенсияи разночини дар давраи буржуази-демократии муборизаи озодихохи дар Россия (1861— 95). Манфиатхои дехкононро ифода мекард, мукобили крепостнойчиги ва тараккиёти капиталистии Россия, тарафдори бо рохи револютсияи дехконон сарнагун кардани мутлакият буд. Xалкчиги як навъи утопияи сосиалистии дехкони ва чамоати буд. Аз ибтидои солхои 60 ду равия — революсиони ва либерали чудо шуд. Асосгузоронаш А. И. Герсен, Н. Г. Чернышевский, идеологхояш М. А. Бакунин, П. Л. Лавров, П. Н. Ткачёв буданд. Ташкилотхои асосии халкчиги дар солхои 1860— 80— ишутинихо, чайковихо (ташкилотчиёни «ба байни халк рафтан»), «москвагихо», «Замин ва озоди», «Чёрный персдел», «Озодии халк». Аз нимаи дуюми солхои 80 асри 19 халкчиги ба бухрон гирифтор шуд, таъсири халкчигии либерали афзуд.— халкчигии либерали зидди марксизм баромад (Н. К. Михайловский ва диг.). Солхои 90 асри 19 Г. В. Плеханов, В. И. Ленин, марксистони рус халкчигиро аз чихати идеяви торумор кардаанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …