Маълумоти охирин

ГОСУЛ

ГОСУЛ, собунак (Anagallis), як чинси гиёххои як, ду ва бисьёрсола-ро (аз оилаи Primulaceae) гуянд.

ghosul

Баргаш майдаи яклухт, гулаш кабуд, сафед, сурхтоб, сурхи норинчи, зангуламонанд ё кифшакл; мевааш рузаи мудаввар, сертухм. Дар Точикистон ду намуди Г. хаст.

Г.-и сахрои (A. arvensis; ниг. расм) растании захрнок аст; 5—30 см кад мекашад. Баргаш байзашакл ё дарозруя, сурхтоб, сурхи норинчи ё кабуд. Дар алафзор, бешазори гармсер ва пахнбарг, нишебихои pеги ва серсангу шагал, кад-кади чуйбор, дарьё ва каналхо, дашт, богу киштзор (400—2200 м аз с. б.) меруяд. Дар аксар нохияхои Точикистон месабзад.

Г.-и модкин (A. focmina) асосан ба Г.-и сахрои монанд аст. Баргаш нештаршакл, байзашакли дарозруя, гулаш кабуд. Дар алафзор, бешазори гармсер ва пахнбарг, нишебихои хушки серсангу шагал, атрофи чашмахо, дашт, богу киштзори аксар нохияхои Точикистон (500—2100 м аз с. б.) меруяд. Гули Г. сершахд аст. Баъзе намудхои онро чун гул мепарваранд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …