Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ГОЛИБОВА Рена Абрамовна

ГОЛИБОВА Рена Абрамовна

gholibova-r-a

ГОЛИБОВА Рена Абрамовна, (тав. 24. 5. 1915, Хучанд), сарояндаи советии точик (аввал сопранои лирики, сипас меццо-сопрано). Арт. Халкии РСС Точ. (1941). Аз оилаи хизматчи. Аъзои КПСС аз с. 1942. С-хои 1931—34 дар Университети давлатии Осиёи Миёна тахсил намудааст. С-хои 1934—38 дар Комитета радиошунавонии Узбекистон кор кард. Аз с- 1938 артисткаи Театри мусикии точик (холо Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айни). Яке аз нахустин ичрокунандагони партияхои асоси дар операхои миллии точик: Гулъизор ва Нушофарин. («Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян ва «Коваи охангар»-и Баласанян ва Ш. Бобокалонов), Зухро («Тохир ва Зухро»-и А. Ленский), Оиша («Пулод ва Гулру»-и Ш. Сайфиддинов). Г. аввалин ичрокунандаи партияи Кармен («Карметьи Ж. Бизе) дар сахнаи точик аст. Г. инчунин партияхои Татьяна («Евгений Онегин»-и П. Чайковский), Коичаковна («Князь Игорь»-и Бородин), Оксанари («Запорожи дар он тарафи Дунай»-и Г. Артамовский) хеле самими ва дилчасп офаридааст. Г. яке аз аввалин сарояндахои эстрадаи точик мебошад. У сурудхои бастакорони точик ва сурудхои халкии точики, узбеки, озари, казоки ва диг. халкхои Шаркро бо махорати баланд сароидааст. Ба Эрон ва Афгонистон сафари хунари намудааст. Бо ордени «Нишони Фахри» ва Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точ,- мукофотонида шудааст.

Н. Нурчонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.