Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФОТИМАЧУМЧУК

ФОТИМАЧУМЧУК

ФОТИМАЧУМЧУК (Рагus major bucharensis), як навъ паррандаи гунчишкмонандро гуянд. Дар шикамаш рахи сиёх ва дар ду тарафи сараш холхои секунчаи сафед дорад. Торисар ва зери гулуи фотимачумчуки нарина сиёх аст. Пархои канори думи фотимачумчук сафед, болаш кабуди хокистари, нулаш сиёх ва пойхояш кабудчаи хокистарианд. Дар тугайзору боготи сохили дарёхои Сир, Зарафшон, Кофарнихон, Вахш, Панч ва гайра (400— 2500 м аз сатхи бахр) вомехурад. Дар ковокии дарахтон лона сохта, миёнахои март 6—8 (баъзан то 17) тухм мегузорад. Хурокаш хашарот, тортанак, меваи буттаву дарахтон. Фотимачумчук ба чангалпарварию богдори фоида мерасонад. И. Абдусаломов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …