Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭНЕРГИЯИ АТОМИ

ЭНЕРГИЯИ АТОМИ

energiyai-atomi

ЭНЕРГИЯИ АТОМи, энергияи ядрои, энергияи дохилиядроиест, ки дар натичаи реакцияи ядрои ба вучуд меояд. Хадди аксари энергияе, ки аз ин ё он ядро хорич шуда метавонад, энергияи бандиши ядрои мазкур аст. Энергияи бандиш аз энергияи чозибаи мутакобили нуклонхо (ки аз асари куввахои ядрои ба вучуд меояд ва ба адади нуклонхои ядро мутаносиб аст) ва энергияи аз якдигар тела хурдани протонхои таркиби ядро (ки ба квадрати адади протонхо мутаносиб аст) таркиб меёбад ва адади баробари энергияест, ки барои аз хам чудо кардани хама нуклонхои таркиби ядро зарур мебошад. Хисоби энергияи бандиш барои ин ё он ядро душвор нест (ниг. Ядрои атом). Энергияи бандише, ки ба сари як нуклони ядро рост меояд андаряк 7—6 МэВ/нуклон аст. Аммо дар натичаи ходисахои ядрои на хамаи ин энергия хорич шуда метавонад. Мас., дар натичаи нейтронро фуру бурда, пора шудани як ядрои JU аз ~ 1784 МэВ энергияи бандиши он танхо-200 МэВ-аш хорич мегардад, ки ин ба сари дар нуклон танхо 0,86 МэВ-и рост меояд. Инчунин маъни дорад, ки хангоми пора шудани хама ядрохои таркиби 1 кг U дар як соат такр. 22 млн кВт энергия хорич мешавад. Ин энергия назар ба энергияе, ки дар натичаи сухтани хамон микдор бензин хорич мегардад кариб 2,5-10 маротиба зиёд аст. Манбаи дигари Э. а. ходисаи якшавии ду ядрои сабук — дейтрон + *+* дейтрон ва тритон 4- дейтрон (реакцияи синтези термоядрои) мебошад. Лекин реакцияхои термоядрои танхо дар сурати (15—20) *10**С будани харорати мухит руй медиханд — ин барои он зарур аст, ки ядрохои синтезшаванда суръати харакати хароратии худро афзуда, садди потенциалии якдигарро шикофта, як шуда тавонанд. Дар натичаи реакцияи синтези, мас., дейтрон (D) ва тритон (Т) …..ба сари хар нуклон энергияи — 3,5 МэВ хорич мегардад, ки ин назар ба мавриди пора шудани n5U чанд маротиба зиёд аст, зеро дар ин сурат ядрои махсул (4#е) назар ба ядрохои якшаванда дар холати поёнтари энерги пайдо мешавад. Хамин аст, ки реакцияи D + Т воситаи басе умедбахши энергетикаи ояндаи наздик мебошад.

С.Кодири.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …