Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Душанбе

Шахри Душанбе

Душанбе – ин шахрест, ки пойтахти Чумхурии Точикистон аз соли 1924-ум инчониб ба шумор рафта яке аз ободтарину серахолитарин шахри кишвар ба хисоб меравад ва дар он корхонаву ташкилотхои калонтарин ва вазорату сохторхои давлати чойгир мебошанд.

шахри Душанбе

Дар шахри Душанбе сохторхои маъмурии кишвар аз чумла Бошишгохи Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати кишвар, Парлумон, Вазорати иктисод, Вазорати мудофиа, Вазорати Молия, Бонки милли-маркази, сафоратхонахо, Донишгоххо, Марказхои Савдо, Богхои фархангию фарогати ва гайрахо мавчуданд.

АХОЛИ:

Ахолии Шахри Душанбе ба аввали соли  2017- иборат аз 902 хазор нафар ва бо мехмононе ки аз дуру наздик омада истикомати муваккати доранд иборат аз 1,3 млн нафар мебошанд. Ахолии шахри Душанбе аз миллатхои гуногун иборат мебошад ва асоси онхоро точикон ташкил мекунанд. Дар чойи 2-юм узбекон дар Душанбе бештар зиндаги мекунанд ва савумин халки калонтарин ин руссхо мебошанд ки хамаги 0,3%-и ахолии пойтахт мебошанд.

Солхои шуърави (1970-1990) дар Душанбе халки русс зиёда за 50%-и (нисф) ахолиро ташкил мекард вале бинобар сабаби аз даст додани сиёсати Руссия дар Осиёи Миёна ба хичррати ин халкият боис гаштааст.

ЧУГРОФИЯ:

Шахри Душанбе аз нигохи чугрофи 38° пахнои шимоли ва 68° дарозии шарки дар водии Хисор дар ду пахлуи дарёи Душанбе (Варзоб),дар баландии 750-800 метр аз сатхи бахр чойгир мебошад. Масохати умумии шахри Душанбе 127 км².  ташкил медихад.

dushanbe-shahr-03

Дарозии шахр ба 14 километр баробар буда пахноияш ба 15 шахри Душанбе ба чахор нохияи Маъмури таксим шудааст, аз чумла: Нохияи Сино, Исмоили Сомони, Фирдавси ва Шохмансур. Аз тарафи шимоли шахри душанбе нохияи Варзоб, аз чануб, гарб ва шарк нохии Рудаки вокеъ мебошад. Кисми шимолии шахр баландар ва кисми чанубиаш пастар мебошад. Аз тарафи шимолии шахри Душанбе куххои Хисор вокеъ мебошад ва онхо сарчашмаи оби тозаи барфу пиряххо ва пешгирандаи шамолхои, шиддатнок мебошанд.

Сатхи тобоварии бинохои манзилию кории шахри Душанбе ба сатхи тектоники (заминчунби) ба 7-8 балл баробар мебошад. Дар минтакаи шахр соле 3-4 маротиба ба хисоби миёна хар сол заминчунби нисбатан шадиднок ба вукуъ мепайвандад, ки  давомнокии хар яки он такрибан 10-15 сония давом дода бо кудрати 3-4,5 балл баробар мебошад. Сатхи зилзиларо дар шахри Душанбе «Маркази зилзиласанчи» ба кайд мегирад.

ИКЛИМ:

Иклими шахри Душанбе дохиликонтиненталии субтропики мебошад. Тобистони Душанбе тулони ва тасфон мебошад ва гох-ногох борон меборад. Зимистонаш чандон тулони нест ва харорати хаво низ он кадар хам хунук намешавад вале хачми боришот хело зиёд буда ба иклими наздибахри монанди дорад.

Бахори Душанбе хеле форам мебоашд, чунки харорати хаво чандон на сарду на тасфон ва боришоти мунтазам хаворо тоза карда барои инкишофи растанихо хело хуб аст. Боришот дар бахорон хеле зиёду дурудароз мешавад ва гоххо раъду-барк низ ба вукуъ мепайвандад.

Иклими Душанбе

Тирамох ассосан серчангу губордор ва гох-гох борон меборад ва охирхои ин мавсим мешавад, ки низ барф борад ва харорати хаво сард шавад. Хуллас моххои июн – октябр давраи хушк ва моххои декабр-май давраи боришоту намнок хисоб меёбад. Харорати миёнаи мохи январ  – 1 °С, июл + 28 °С кайд карда шудааст. Маълумоти муфассал дар накши зерин.

ТАЪРИХ:

Дар сохили дарёи Душанбе дар асрхои 3 ва ё шяд асрхои 4-и пеш аз мелод шахри кухнаи кушони пайдо шудааст. Зарфхои аники шаходати онанд, ки  дар минтакаи шахри хозираи Душанбе дар замонхои кадим мардуми кишоварздор зиндаги мекарданд ва зиндагиашон дар шахр мегузашт.

Аввалин кайдхои таърихи оиди мавчудияти дехаи Душанбе солхои 1676 ба амал бароварда шудааст. Мутобики ин кайдхо Душанбе сари ду рохи бо хам мегузашта чойгир будааст, ки дар наздаш бозоре мавчуд будааст ва он хар хафта як маротиба фаъолият менамудаст.  Ахолии Душанбе асрхои 17-ум хамаги иборат аз 7-8 хазор нафар буда дар он 500-600 хочаги мавчуд будааст.

Солхои 1825 деха номи Душанбе – Кургон, доштааст ва аввалин харитае, ки дар он Душанбе нишон дода шудааст ин соли 1875 –ум мебошад.  Ахолии Душанбе такрибан аз 10 хазор нафар дар калъаи сохили чар вокеъбуда мавчудият доштааст. Яке аз боигарии ин макон корвонсарой ба хисоб мерафтаст, ва тавассути Душанбе ба Самарканд, Хучанд, Кулобу Помир роххои пиёдагарду савора мавчуд будааст. Дар Душанбе охири асри 19-ум 14- масчид ва 2- мадраса будааст.

Мутобики таксимоти маъмурии таърихи асрхои 18-19-ум Душанбе тоъбеи Амири Бухоро буд. Охирин амири Бухоро (Амир Олимхон) соли 1920 омада дар Душанбе зистааст ва баъдан гурехта ба Афгонистон рафтааст.

Дар авали соли 1922 –ум Душанбе аз чониби босмачии турк «Анвар Подшох» запт карда шуд, лек санаи 14-уми июли соли 1922 аз чониби артиши болшевикон шахр боз баргашта ба дасти мардуми шуърави баргашт. Хамон сол Душанбе пойтахти Чумхурии Мухтори Шуъравии Совети эълон шуд ва дар тоати Узбекистони шуърави то соли 1929-ум буд.

Солхои 1924-1929 расман бо номи «Дюшамбе» аз чониби мардуми руссзабон номгири карда шуда буд. Лек бадтар  аз соли 1929 то 1961 шахр номи Сталинободро гирифт. Санаи 10-уми ноябри соли 1961 ба шахр номи каблиаш баргардонида шуд.

Аввалин Раиси шурои шахри Душанбе Абдукарим Розиков буд ва бо рохбарии у дар Душанбе хеле ободонихо гузаронида шуд, ки асоси онро сохтани роххои замонави, бинохои баланошёна, корхонахои истехсоли ва гайрахо ташкил карда буданд. Дар солхои рохбарии Розиков (1925-1932), масъалаи аксгирии топографи ба рох монда шуда накшаи шахри оянда тахия шуда дар он рохху хиёбонхои аввалин дарч гардиданд.

Соли 1929 ба Душанбе аввалин поэзд омад ва рохи охани Душанбею шахри Тошканд ва шахри Москва, пайваст шуд, ки заминаи басо зиёд дар рушди саноат ва дигар сохахои иктисодиёт гузошт.

Аввалин алокаи радиои соли 1931 ташкил карда шуд ва барои мухаё сохтани ин намуди алока аз чониби Мосрадиострой дар Душанбешахр пойгохи мавчи кутох ташкил карда шуд.

Баъди сохиб шудани истиклолият дар соли 1991 шахри Душанбе боз хам зеботар гашт ва дар он як катор бинохои баланошёнаи хозиразамон, ки иборат аз 22 ошёна, осорхонаи милли, Китобхонаи милли,  Парчами ва Нишони давлатаи дар боги Рудаки, Масчиди зебо бо сармояи Катар, мехмонхонахои 5-ситора аз чумла Хаян Реченси, Сирена, Шератон, Маркази савдои Ашан (2017 сол), бинои нави Парлумон, Вазорати корхои хоричи ва Хукумати Чумхурии Точикистон ва Почтаи асоси (Главпочтамт), сохта шуданд.

ТАКСИМОТИ  МАЪМУРИ

Шахри Душанбе ягона шахри Точикистон мебошад, ки дар худуди он нохияхо мавчуданд ва ба ин васила масъалаи идоракуниро ба Шурои депутатхои халки, вогузор шудааст. Хукумати ичроияи нохияхо ба раисони нохияхо дода шудааст.

Дар конуни Чумхурии Точистон оид ба «Макоми пойтахти Чумхурии Точикистон», масъалахои ташкилию хукуки, иктисоди, ичтимои ва ичрои дигар корхои шахрдори (пойтахт), зикр ёфтаанд.   Санаи 18-уми июли соли 2013 худуди Шахри Душанберо аз хисоби нохияхои хамсархад васеъ намудан, карори дахлдор кабул карда шуда буд.

Душанбе ба 4-нохияи маъмури таксим шудааст, ки хар яки он сохиби раис ва дастгохи идоракуни буда ба Раиси шахри Душанбе тобеъ мебошад.

Мутобики иттиллооти Очонсии омори давлати дар шахри Душанбе соли 2016-ум 802 хазор нафар ахоли зиндаги менамуданд, ки рушди солонааш ба 3,5 % баробар буд. Ба хисоби миёна зичии ахолии пойтахти Точикистон дар соли 2017-ум баробари 6,4 хазор нафар дар як киломтери мураббаъ ташкил кард. Масъалаи чорабинии бахисобгирии шахрвандоне ки хамчун истикоматкунандагонии пойтахт мебошад дар 10-сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар мачмуъ шумораи ахолии Душанбе ба 9%-и ахолии Точикистон баробар мебошад ва аз хама серахолитарин чойхои пойтахт, ин махаллаи Зарафшон, 33, 82, Гулистон, Профсоюз ва дигарон мебошанд.

ИКТИСОДИЁТ (САНОАТ)

Аз чихати иктисоди пойтахти Чумхурии Точикиситон – шахри Душанбе дар байни дигар шахрхои кишвар чойи якумро мегирад ва дар он зиёда аз 230 корхонаи истехсоли фаъолият менамоянд, ки дар он атрофии 19 хазор нафар коркар фаъолияти мехнати менамоянд. Корхонахои саноатии Душанбе зиёда аз 300 намуди махсулотхоро истехсол менамоянд ки ин 30%-и умумии истехсолоти кишварро ташкил мекунанд. Молу махсулоти асосии истехсолмешуда дар шахри Душанбе ин махсулоти пахтаги, нокилхо, семент, барк, махсулоти канноди, махсулоти нони ва нушока мебошад.

Руйхатти корхонахои калонтарин:

  • АООТ «Носочи-Точик»
  • Точиксемент
  • ЧСП «Гулистон»
  • ЧСК «Нафиса»
  • Барки Точик
  • Неъругохи гарми-электрикии «Душанбе»
  • Корхонаи «Фонон»
  • ЧСК «Хумо» (собик «ТочикГидроАгрегат»)

Экология

Ифлосшавии боду хавои шахр аз хисоби автомобилхо (70%), баъдан аз хисоби корхонахои саноати (25%) ва нихоят аз хисоби чанги афгони (4%)  ва гайра (1%), ба вукуъ мепайвандад.

Савдо ва хизматрасони

Дар шахри Душанбе марказхои савдо хеле зиёданд ва бахусус солхои рушди сохтмон (2010-2015) шумораи супермаркетхо хеле зиёд шуданд, ки чумлаи онхои ин «Душанбе Мол – Ашан», «Пойтахт 90», «Супермаркет Пайкар». Вале ба ин хам нигох накарда ахолии пойтахт чун солхои кабли хариду фуруши молу хадамотро дар бозорхо ба амал мебароранд.

Руйхатти бозору марказхои савдо:

  1. Дехкон Бозор, дар махалаи шахраки Гипрозем ба фуруши яклухти меваю сабзавот махсусгардонидашуда.
  2. Бозори «Шохмансур» дар маркази пойтахт ки ба забони русси (Зелёный базар») мегуянд ва дар савдои чаканаи мевачоту сабзавот махсус гардонида шудааст.
  3. Бозори «Корвон» – бозори аз хама калонтарини кишвар ки дар савдои либосиву палоси хона махсус гардонида шудааст;
  4. Султони Кабир – дар савдои чакана ва яклухти кисмхои эхтиётии техника ва молхои электрони махсус гардонида шудааст;
  5. Саховат – дар фуруши молхои мевагию сабзавоти махсус гардонида шудааст;
  6. Чал-чам – Дар фуруши молхои сохтмони махсус гардонида шудааст;
  7. Фаровон – дар фуруши яклухти молхои хурока машгул мебошад;
  8. Хитой бозор – дар фуруши молхои либоса ва палоси хона тарики яклухт ва чакана машгул мебошад;
  9. Пойтахт 90 – бозори замонави дар бинои пушида ва дар фуруши чаканаи молхои ниёзи мардум махсусгардонидашуда
  10. Ашан (Душанбе мол) – Дар савдои молхои арзони хурока ва рузгор дар бинои хозиразамон фаъолияткунанда;
  11. Пайкар – дар фуруши чаканаи молхои бехтарини хурока дар бинои хозиразамон;
  12. Юск (JYSK) – дар фуруши мебел ва дигар лавозимотхои хонаги, ки истехсоли кишвархои аврупо мебошанд;

НАКЛИЁТ

Дар Душанбе рохи охан, роххои хавои, роххои автомобили мавчуданд. Дар шахри Душанбе стансияи рохи охан, ки пайвасткунандаи шахрхои Кулоб, Кургонтеппа, Хучанд, Тошканд, Москва, ва дигар шахрхои дунё аст.

Инчунин фурудгохи байналхалкии «Душанбе» барои парвоз намудани хавопаймохои калон аз Душанбе ба дигар шахрхои дунё мухаё карда шудааст, ки соли 2014-ум дар худуди он бинои нав барои хизматрасони кардан дар соли 2014-ум сохта ба истифода дода шуд.

Наклиёти шахри:

Мутобики ракамхои омории соли 2017-ум дар шахри Душанбе атрофии  40 хазор автомобили шахси хар руз дар харакатанд ва бар иловаи ин барои хизматрасонии чамъият ва корбурди корхонахо атрофии 15 хазор наклиёт дар истифода карор доранд.  Корхонахое ки дар кашонидани шахрвандон машгуланд иборат аз 30 адад мебошанд.

Асоси харакати шахри Душанберо наклиёти автомобили ташкил медихад. Дар шахри Душанбе парки тролейбуси ки дорои такрибан 50-60 троллейбуси доимо дар хизмати халк мавчудбударо дорост. Соли 2017-ум 100 автобуси нави ISUZU, ки истехсоли Туркия мебошанд ба истифода дода шуданд.

Дар кисми гарбии шахр инчунин вокзали автомобилхо мавчуд аст, ки соли 1976 сохта шудааст ва онро соли 2013-ум аз сари нав бо маблаги точири эрони «Занчони», тачдид карданд. Баъди он аз ин вокзал ба кариб хаммаи шахрхои кишвар наклиёт – автобусхо ба сайри хизматрасони баромаданд. Алхол автовокзаи мазкур аз чониби ташкилоти «Азиан Экспресс» ба  сохиби карор дорад ва он дорои 100 автобуси немисии MAN ва 150 автомобили (такси) маркаи KIA мебошад.

Шабакаи хизматрасонии наклиётии шахри Душанбе иборат аз 74-хатсайри мошинхо мебошад ки чумлаи онхо ба 34-хатсайри автобус, 13-хатсайри троллейбус ва 27-хатсайри маршрутии таксихо мебошанд.

Харруза дар хатсайрхои наклиётии шахри Душанбе зиёда аз 200 автобус, 70 тролййбус, 150-микроавтобус ва атрофии 1000 адад микроафтобусхои шахси (Старекс, Мерседес, Тангем) дар хизмати шахрвандони шахри Душанбе карор доранд (тибки маълумоти соли 2017).

Тибки тахминхо соли 2025-ум дар шахри Душанбе сохтмони Метро ва ё трамвайи баландсуръат дар назар аст. Соли 2013-ум аввалин шуда дар Осиёи Миёна дар шахри Душанбе автодром ва картинг сохта ба истифода дода шудааст.

Архитектура

Санаи 27-уми апрели соли 1927 карори Шурои халкии комиссарони Точикистони совети сохтмони шахри Душанбе ба имзо расид.

То солхои 1930 дар Душанбе аз хишти хом (лойи) бинохои якошёна сохта мешуданд. Дар соли 1930-юм аввалин корхонаи хиштпази дар Душанбе ба кор даромад. Хамон сол бо накшаи лоихакаши рус Ваулин бинои Шурои халкии комиссарон (баъдан дар он бино Вазорати кишоварзи то соли 2016-ум буд ва соли 2017 аз байн бурда шуд ) дар хиёбони Рудакии имруза сохта шуд. Хамчунин хамон сол бинои Комиссариати халкии заминкори (алхол бинои Вазорати адлия) сохта шудааст.

Соли 1933 Неъругохи гармии Барки ба истифода дода шуд, ки тули 3-сол сохта шуда буд ва он аз охану бетон бино шуда буд.  Хамон сол фабрикаи дузандаги ба кор даромад. Солхои 1930 инчониб дар Душанбе сохтмон хело авч гирифта дахо корхонахо ва садхо хонахои истикомати сохта мешуданд. Он солхо шумораи бинохо дар Душанбе иборат  аз 5000 (панч хазор) адад буданд.

Алакай соли 1936 –ум аввалин бинои  Истгохи рохи охан сохта ба истифода дода шуд.  Соли 1945 -1950 корхонаи сементбарори, корхонаи таъмири автомобилхо (авторемзаод), корхонаи электромеханики ва дигар корхонахо ба истифода дода шуданд.

Соли 1946 сохтмони бинои Хукумати кишвар дар майдони Исмоили Сомонии имруза ба охир расид ки тули 5-6 сол сохта шуда буд. Алхол дар ин бино Мачлиси олии кишвар карор дорад.

Солхои 1950 огози сохтмони бинохои 3-4 ошёнага огоз гардид, ки аз хучрахои хурду миёна бо номи Хрушовка доштанд. Дар ин солхо китобхонаи чамъиятии чумхурияви ва Бонки давлати сохта шуданд. Алхол дар ин бино як катор шуъбахои Бонки миллии Точикистон аз чумла Шуъбаи омор карор доранд. Хамчунин дар авали солхои 1950 бинои Вазорати корхои дохили, бинои театри ба номи А. Лохути, Осорхона, бинои Парияи комунистии РСС Точикистон сохта шуданд.

Аввали солхои 1960-ум бинои аэропорт, бинои нави истгохи рохи охан ва мехмонхонаи ш. Душанбе сохта ба истифода дода шуд.

Соли 1972 бинои алокаи автоматиконидашудаи байнишахрию-байнидавлати ба истифода дода шуд.

Соли 2011-ум парчами Точикистонро дар баландии 135 метр гузошта шуд, ки аз хама баландтарин дар чахон мебошад.

Баъди кабули карор оиди накшаи генералии шахри Душанбе дар шахр хело тагйиротхо ба вукуъ пайвастанд, аз чумла аз марказ як катор бинохо гирифта шуданд (Хонаи офисерон, беморхонаи шахри соли 1910 сохташуда, Мучасамаи Ленин, Майдони футболбозии «Динамо»).

Солхои охир (2010 инчониб) дар Душанбе сохтмони бинохои гайриоди сохта шуда истодаанд, аз чумла бинои 22-кабатаи «Душанбе плаза», Маркази савдои «Пойтахт 90», Бинои истикоматии «Бухоро Палас», Чойхонаи «Наврузгох», Бинои вазорати корхои хоричи, Кумитаи андоз/Хукумат, Касри миллат, Театри милли ва дигарон мебошанд, ки хамтои худро дар кишвархои осиёи миёна надоранд.

Хуллас бинохои зеботарину мухимтарини шахри Душанбе дар маркази шахр карор доранд.

ТУРИЗМ

Душанбе назар ба дигар шахрхои Точикистон хеле-ва хеле зебову обод мебошад. Дар маркази шахр хиёбони Рудаки мавчуд аст, ки кадкади он бинохои Донишгоххо, аз чумла Донишгохи милли, Донишгохи Тибби, Донишгохи кишоварзи, Марказхои савдо аз чумла Садбарг, ММУ (ЦУМ), Вазоратхо (Кишоварзи, Корхои дохили, Адлия), Хукумати кишвар, Богхои фарханги-фарогати, Чойхонаи Рохат, Бонки Милли, Ориёнбонк, мучасамахои Исмоили Сомони, Абуабдуллои Рудаки, Садриддин Айни  ва гайрахо мавчуданд.

Дар дигар гушаву канори шахри Душанбе инчунин бинову чойхои хоса мавчуданд ки чумлаи онхо Боги ботаники, Кохи Борбад, мехмонхонаи Душанбе (собик Пойтахт), Мехмонхонаи Шератон, Аквапарк делфин, Хамомхонаи «СПА Хаёт», Тарабхонаи «Яккачинор», Тарабхонаи «Бухоро»,  Боги хайвонот, Боги фарогатии «Чазира», Масчиди «Душанбе», Бозори «Султони кабир», Маркази савдои «Ашан» ё худ Душанбе мол, Китобхонаи милли, майдони варзишии Фрунзе, боги фарогатии нишони давлати (Герб), боги фарогатии Парчами милли (Флагшток) ва гайрахо мебошанд, ки чолиби дидану бахрабардори мебошанд.

Дар мачмуъ дар шахри Душанбе 8-театр, 5 – кинотеатр, 4 –китобхона ва дигар марказхои маорифию фарханги мавчуданд. Дар атрофии шахр ячанд чойхои фарогатию фарханги мавчуданд, ки чумлаи онхо Базаи лижаронии Такоб (сафеддара), Осоишгохи Хочаобигарм, Чойхонаи харбуза ва Калъаи Хисор, богхои ангури нохияи Хисору Турсунзода.

Бинову чойхои хоса:

  • Бинои хукумати шахри Душанбе, ки пештар (солхои 1991-2017) он кароргохи Президенти Чумхурии Точикистон буд;
  • Осорхонаи миллии кадимаи Точикистон;
  • Осорхонаи геологии Точикистон;
  • Китобхонаи милли
  • Мучасамахои шоирону нависандагони классики дар боги фархангии;
  • Театри опера ва балети давлатии ба номи С Айни
  • Филармонияи Давлати
  • Театри чавони ба номи Махмудчон Вохидов
  • Амфитеатр
  • Бинои сирки давлати
  • Кули комсомол
  • Боги фарогатии «Боги Пойтахт»
  • Толори намоишии Итифоки расомони Точикистон,
  • Театри давлатии Лухтак

Кинотеатрхо:

  • Навруз
  • Чавонон
  • Ватан
  • Зебуннисо

Майдонхо:

  • Дусти , 43-метровая арка и памятникИсмаилу Сомони;
  • Майдони Парчам;
  • Майдони Абуабдуллои Рудаки;
  • Ба номи С. Айни
  • Абуалии Сино
  • Ба номи Неъмат Карабоев
  • Майдони Куйбышев (привокзальная)
  • Майдони 800-солагии  Москва (С Айни)

Богу гулгаштхо:

  • Боги ботаникии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон;
  • Боги шахрии «Рудаки» – собик боги ба номи Ленин;
  • Боги фархангию фарогатии С. Айни;
  • Парки шахрии нохияи Шохмансур;
  • Кули Комсомол ва парки Чавонон;
  • Гулгашти Бустон;
  • Гулгашти ба номи «Куйбешев»
  • Гулгашт ба номи «Мироненко»
  • Боги «Галаба» (дар он Ёдгори ба хотири чанги Бузурги ватани ва рохи ресмони мавчуд аст);
  • Боги хурсандибахши «Пойтахт»
  • Аквапарк «Дельфин» (Маконест ки тобистон барои обози, шиновари ва паридан аз баланди ба кулхои оби махсусгардонидашуда);
  • Боги фарогатии барои кудакон;
  • Боги «Дустии халкхо»
  • Боги «Лучоб»
  • Боги хайвонот. Ин бог соли 1961 ба истифода дода шудааст ва дар он атрофи 100 намуди чонварон мавчуданд, ки шумораи умумиашон ба 500-600 адад мерасад.

Алока:

Дар шахри Душанбе шумораи истгохои телефонии давлати иборат аз 13 адад мебошанд ки иктидори хизматрасони карданашон ба 108 хазор абонет баробар аст ва хаммаи онхо аз соли 2006 ба технологияи раками гузаштаанд.  Ба соли 2017 –ум шумораи ракамхои фаъоли статсионари ба 90 хазор баробар мебошад ки аз он 75 хазораш ба ахоли ва бокимонда 15 хазораш ба корхонаву ташилотхо таалук дорад;

Дар катори ширкатхои давлати инчунин  ширкатхои хусуси к ибо сармояи хоричи ифтитох ёфтаанд низ дар хизматрасонии алока фаъол мебошанд, ки чумлаи онхо: ЧСК «Точиктелеком», «Tcell», «Мегафон — Точикистан», «Таком — Билайн», «Вавилон-М»  ва ширкатхои хизматрасоникунандаи интернет: «ТочNET», «Вавилон-Т», «Таком — Билайн», «Сатурн», «Интерком», «Истера»,  «Telecom Technology» ва дигарон.

ВАО – Васоити ахбори омма

Дар шахри Душанбе 4 – рузномаи давлати нашр мешавад ва аз инхо иборатанд: «Чумхурият» ва  «Садои Мардум» ба забони точики, «Народная газета» ба забони русси ва «Халк овози» ба забони узбеки.

Солхои 1991-2000 як катор ширкатхои хусуси дар сохаи васоити ахбори оммма В годы независимости в Душанбе начали создаваться независимые медиа-холдинги и частные газеты.

Тавассути мохвораи Yahsat (52.5°E)  ба микдори 4 шабакаи телевизиони дар формати раками мавчхои телевизиони бепул пахн мешаванд, аз чумла: Шабакаи аввал, Тв Чахонаммо, Бахористон ва ТВ Сафина. Инчунин барои шахрвандон ташкилотхои пахнкунандаи каналхои бехтарини телевизиони чахони тарики музд-пулаки пахн карда мешаванд ки чумлаи онхо Тв Истиклол мебошад.

Дар шахри Душанбе матбуоти нашри китобхо из мавчуданд ки калонтарини онхо» нашриёти «Ирфон», нашриёти «Маориф», Нашриёти  «Дониш», нашриёти  «Адиб», Энсиклопедияи Точик (электрониаш дар сомонаи www.kitobam.com).

Очонсихои иттилооти:

Тибки маълумотхои Вазорати фарханги Точикистон дар кишвар 8 очонсии иттилооти фаъолият менамоянд, ки калонтарини онхо инхоянд:

  1. Авеста
  2. Азия-Плюс
  3. ХОВАР
  4. Чархи гардун
  5. СИМОНЮС;
  6. ТОЧНЮС (Фаъолияташро 14 ноябри соли  2016 катъ гардониданд;

Донишгоху дигар мактабхои тахсилотии оли-миёна:

  1. Донишгохи миллии Точикистон;
  2. Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С. Айни
  3. Донишгохи техникии Точикистон ба номи акад. М.С. Осими;
  4. Донишгохи аграрии Точикистон;
  5. Донишгохи технологии Точикистон;
  6. Донишгохи давалатии тибии Точикистон;
  7. Донишгохи давлатии тичорати Точикистон;
  8. Донишгохи славянии Точикистону Россия;
  9. Донишкадаи молия ва иктисодии Точикистон;
  10. Донишкадаи давлатии забонхои Точикистон;
  11. Донишкадаи сохибкори ва хизмат;
  12. Филиали Донишгохи давлатии Москва дар ш. Душанбе;
  13. Филиали Донишгохи миллии тадкикоти технологиит (МИСиС) Москва дар шахри Душанбе;
  14. Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон;
  15. Донишкадаи иктисод ва савдо;
  16. Донишкадаи политехники;
  17. Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Точикистон;
  18. Донишкадаи исломии Точикистон;
  19. Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар ш. Душанбе
  20. Академияи илмхои педагогии Точикистон;
  21. Донишгохи давлатии хукук, тичорат ва сиёсати Точикистон;
  22. Донишгохи давлатии хукук, тичорат ва сиёсати Точикистон;
  23. Филиали Донишгохи давлатии омузгори дар Рашт;
  24. Донишкадаи  давлатии санъати тасвири ва дизайн;
  25. Консерваторияи миллии Точикистон;
  26. Донишкадаи харбии Вазорати мудофиаи Точикистон;
  27. Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ч.Т.
  28. Академияи Вазорати корхои дохилии Точикистон;
  29. Донишкадаи олии сархадоти Кумитаи амнияти Ч.Т.
  30. Мактаби олии Кумитаи амнияти Ч.Т.

Муассисахои тибби

  1. Маркази ташхиси (Диагностический центр)
  2. Беморхонаи клиники ёрии таъчили (Скорая);
  3. Маркази калб «Сино»
  4. Боморхонаи Кароболо ба номи (Дьяков)
  5. Беморхонаи Истиклол (аз хама калонтарин дар осиёи Миёна).

Инчунин дар Душанбе зиёда аз 5 таваллудхона ва 10 полекленика мавчуд аст, ки дар он хизматрасонии тибби ба ахоли пешниход карда мешавад;

Варзиш:

Дар Душанбе ба масълаи Варзиш хеле ахмияти чидди дода мешавад ки вобаста ба ин кор рохбарии Кумитаи чавонон ва варзиш масъул мебошад. Дар шахр чунин майдонхои варзиши мавчуданд:

  1. Касри варзишии «Точикистон»;
  2. Майдони «Авиатор»
  3. Майдони «Спитамен» («Спартак»)
  4. Майдони чумхуриявии футболбозии «Истиклол»
  5. Касри теннис;
  6. Ипподроми Душанбе;

РАИСОНИ ДУШАНБЕ

  1. Рустами Эмомалии  аз 12-уми январи соли 2017.
  2. Махмадсаид Убайдуллоев (солхои 1996 — 2017)
  3. Поносов Юрий Филимонович (1994-1996);
  4. Чамолиддин Мансуров (1993-1994);
  5. Мирзоев Мирзотемур (1992-1993);
  6. Икромов Максуд Мусокулович (1987-1992);
  7. Наби Шорахмонов (1982-1987);
  8. Назиров Ким Муллочонович (1976-1982);
  9. Мамадназаров Худоназар (1967-1976);
  10. Наимов Мустафо Наимович (1967-1969);
  11. Назирбеков Махмудбек (1960-1967);
  12. Бобочонов Нор Зоирович (1957-1960);
  13. Салимбоев Хотам Хакимбоевич (1956-1957);
  14. Асроров Ахмедчон (1953-1956);
  15. Иброхимов Карим Ризоевич (1950-1953);
  16. Ёкубов Гафор Махкамович (1947-1950);
  17. Юсуфов Шамсулло (1943-1947);
  18. Сараев Тимофей Евдокомович (1940-1943);
  19. Калитин Михаил Василиевич (1934-1940);
  20. Ёкубов Часур (19333-1934);
  21. Бобо Хамдамов (1932-1933);
  22. Розиков Абдукарим (1925-1932);

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …