Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЗИИ МУКОТИБАИ

БОЗИИ МУКОТИБАИ

bozii-mukotibaiБОЗИИ МУКОТИБАИ, яке аз намудхои хеле маъмули бозихои гоибона дар шохмот, ки харифон гаштхои худро бевосита аз тарики почта ирсол медоранд. Бозии мукотибаи бори нахуст соли 1694 дар китоби шаркшиноси англис Т. Хайда «Дар боби бозихои шаркиён» ёдовари шудааст. У менависад: «Шунидам бозаргонони венетсиягию хорва­ти, ки дар дурихои дур аз хам зиндаги доранд, байни худ бо кумаки мукотиба шатранч мебозанд». Ж. Ж. Руссо дар романи хеш – «Омурзиш» (1782-89) пиромуни ин бози ёдовари кардааст.

Дар асри 19 дар байни дастахо (масалан, Лондон ва Эдин­бург, 1824-28; Маскав ва Петербург, 1978—79) ва низ афрод мусобикахо ба воситаи мукотиба барпо мегардид. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 шохмотбозони Ам­рикои Чануби ва Шимоли, Африко низ ба Бозии мукотибаи рагбат пайдо карданд. Бозихои бузурги байналмилали доир гардиданд. Соли 1928 Иттиходи байналмилалии шохмоти мукотибаи (аз соли 1951 Федератсияи чахонии шохмоти мукотибаи) таъсис ёфт. Аз он замон чемпионатхои чахон ва инчунии мусобикахои олимпи байни дастахо доир ме­гарданд. Нахустин финали чемпионати чахон оид ба шохмоти мукотибаи соли 1950 баргузор шуд. Аз соли 1951 то ин дам 21 мусобикаи финали созмон дода шудааст, ки 18-тои он бо комёби анчом ёфт. Чемпионати чахон оид ба Бозии мукотибаи миёни занон аз соли 1968 ин чониб рохандози шудааст, ки то имруз 8 бозии нихои (финал)-и он анчом ёфтааст. Аз соли 1949 Олимпиадаи Бозии мукотибаи барпо мешавад. То ин дам 17 олимпиада доир гардидааст. Дар хайати дастахо ба намояндагии хар кишвар 6 тахта барои мардон ва 4 тахта барои занон дохил шудааст.

Адабиёт: Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва, 1990.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.