Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИХОИ ОЛИМПИ

БОЗИХОИ ОЛИМПИ

bozihoi-olimpiБОЗИХОИ ОЛИМПИ, 1) ид ва мусобикахои оммави дар Юнони Кадим. Мувофики анъанаи таърихи аз соли 776 то милод хар 4 сол як бор дар шахрчаи Олимп (шимоли гарбии Пелопоннеси вилояти Элида) баргузор мегардид. Ба ин муносибат дар ин чо варзишгоххо, хавзхои шиновари, гимнасия (машкгох), харамхо ва гайра сохта мешуданд. Дар майдони махсус махсулоти хочагии халк намоиш дода мешуд. Дар рафти Бозихои олимпи баробари варзишгарон олимон, файласуфон, навозандагону рассомони машхур ва арбобони давлати низ чамъ меомаданд. Рузхои омад ва бозгашти варзишгарон дар Бозихои олимпии Юнони Кадим оташбасти мукаддас эълон карда мешуд. Дар мусобика варзишга­рон аз руйи вазнбардори, шамшерзани, найзапартои, камонвари, муштзани (бокс), давидан ва гайра кувваозмои намуда, анъанахои гуногунро ичро мекарданд. Дар мусобика факат мардхо иштирок менамуданд. Барои занхо бозихои алохида ташкил мекарданд. Голибон бо мукофотхо сарфароз мегардиданд. Тухфаи асоси точи сари аз навдахои дарахти зайтун бо корди тилои буридашуда буд. Баргузории Бозихои олимпи дар асри 4 баъди ба чойи бутпарасти густариш ёфтани дини масехи манъ карда шуд. 2) Калонтарин мачмуи мусобикахои байналмилалии замони хозира. Асосгузори Бозихои олимпии муосир – шахрванди Фаронса Барон Пер де Кубертен. Шарт, коида ва низомномахои Бозихои олимпиро конгресси байналмилалии соли 1894-уми Порис, ки дар он намояндагони 34 мамлакат ширкат доштанд, муайян кардааст. Макоми рохбарикунандаи Бозихои олимпии муосир Кумитаи байналмилалии олимпи мебошад. Нахустин Бозихои олимпии муосир соли 1896 дар шахри Афина (Юнон) баргузор гардид. Аз соли 1924 то имруз Бозихои олимпии зимистона низ бар­гузор мегарданд. Бозихои олимпии VI (1916), XII (1940) ва XIII (1944) аз сабаби чангхои якум ва дуюми чахони баргузор нашудаанд. Аввалин ширкатдори Бозихои олимпи аз Точикистон варзишгар – каикрон Иброхим Хасанов (соли 1960, дар Бозихои олимпии XVII шахри Руми Итолиё) мебошад. Варзишгар Юрий Лобанов дар Бозихои олимпии XX Мюнхен (1972) оид ба каикрони голиб омад. Зебунисо Рустамова дар Бозихои олимпии XXI Монреал (1976) оид ба камонвари сохиби медали биринчи гардид. Дар Бозихои олимпии XXII Маскав (1980) Анатолий Старостин оид ба панчхарбаи муосир сохиби ду медали тилло (дар хайати даста ва шахси) ва Юрий Лобанов сохиби медали биринчи гаштаанд. Соли 1992 варзишгари точик Андрей Абдувалиев дар гурзпартои чемпиони Бозихои олимпии шахри Барсело­на (Испания) шуд. Дар солхои сохибистиклолии Точикистон дар Бозихои олимпии XXIX Пекин (2008) Юсуф Абдусаломов оид ба гуштини тарзи озод чойи 2-юм, Расул Бокиев оид ба гуштини дзюдо чойи 3-юм ва муштзандухтари точик Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон (2013) сохиби медали биринчи гардиданд.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …