Маълумоти охирин

БОНУ

imagesБОНУ (тахаллус; Хейфитс Ситсилия Бенсиановна; 13.3.1911, Любеч, вилояти Чернигови Украина – 1998, Киев), шоира ва тарчумони рус. Коркуни хидматнишондодаи маданияти Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон (1981). Хамсари А. Лохути. Шуъбаи форсии курсхои шаркшиносиро соли 1928 дар шахри Киев хатм намуда, ба Осиёи Миёна, ба Самарканд омад. Дар ин чо аввал муаллима буд; сипас дар радио чун рови, ходими г. «Овози точик» кор кард. Соли 1930 дар Нашриёти марказии халкхои ИЧШС ба кор даромад. Дар тули хаёти эчоди Бону, асосан ба тарчумаи шеъру достонхои Абулкосими Лохути, «Шохнома»-и Фирдавси ба забо­ни руси машгул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1943 дувоздах мачмуаи ашъори А. Лохути дар тарчумаи Бону ба табъ расиданд. Мачмуахои нисбатан мукаммали тарчумакардаи Бону аз ашъори Лохути «Лирика» (Москва, 1970) ва «В сад я вышел на заре» (Душанбе, 1983) мебошанд. Тарчумаи «Шохнома»-и Фирдав­си, ки Бону дар хамкори бо А. Лохути анчом додааст, яке аз бехтарин тарчумахои «Шохнома» ба забони руси ба шумор меравад. Ин тарчума дар АИ ИЧШС солхои 1957- 89 (нашри дуюмаш 1994) бо мукаддимаи муфассали А. Стариков, шарху тавзехоти фарогири кулли чузъиёт ва гайра ба табъ расидааст.

Мачмуахои ашъораш бо номхои «Ду нома», «Иттиходи чудоинопазир», «Хикояти пионер» (хар се – 1942) чоп шудаанд. Бону ширкаткунандаи Чанги Бузурги Ватани (1941-45) буд. Бо медалхо сарфароз гардидааст. Узвн ИН ИЧШС (1934).

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …