Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОККАЧО Човани

БОККАЧО Човани

chovanniБОККАЧО Човани (1313, Порис – 21.12.1375, Черталдо, наздики Флоренсия), нависандаи итолиёи. Яке аз нахустин намояндагони адабиёти инсондустии давраи Эхё. Достонхои Боккачо «Шикори Диана» (1334), «Филоколо» (1330), «Филострато» (1338), «Тесеида» (1339-1341), оид ба муборизаи Тесей ба мукобили амазонкахо) ва гайра, романи «Филоколо» – иборат аз 5 китоб (1336) дар таъсири адабиёти атика – асотири Юнони Кадим навишта шу­даанд. Соли 1340 аз Неапол ба Флоренсия баргашт. Соли 1350 бо Петрарка шинос шуд. Дар ин давра дар андешаи Боккачо норозиги аз рохи эчодии пешгирифтааш ба вучуд омад. У ба эчоди  асархои чавобгуи вокеияти замон руй овард, вале назари Боккачо ба чахон ва инсон аз дидгохи Эхё боки монд. Боккачо нахустин мухаккики эчодиёти Данте мебошад. «Мазхака»-и Дантеро махз Боккачо «илохи» номид ва тарчумаи холи уро навишт («Зиндагиномаи Данте Алигйери», такрибаг 1360). Ба калами Боккачо рисолахои ба забони лотини навишташуда «Шачараи худоён» (1350), «Дар бораи занони машхур» (1361-75), «Саргузашти талхи мардони машхур» (1355-74) тааллук доранд. Боккачо яке аз саромадони осори психологи дар адабиёти Аврупо ба шумор меравад (повести «Фяметта», 1345). У асосгузори навъи адаби (жанри)-и новелла мебошад. Мухимтарин офаридаи Боккачо – китоби «Декамерон» (1348-53) яке аз бузургтарин осори давраи Эхё буда, ба шакли кисса андар кисса иншо шуда­аст. Боккачо ба тавассути хикоёт (новеллахо)-и «Декамерон» орзуву ормони инсони давраи Эхёро ифода намудааст. Ба шарофати эчоди ин асар Боккачо асосгузори забони адабии итолиёи (забони адабии осори мансур) эътироф гардидааст.

Осор: Избранные сочинения в 2-х томах. Москва, 2002.

Адабиёт: Штейн А. Л. «Декамерон» Боккачо – книга о любви. Москва, 1993.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.