Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИ Мулло Техронхоча ибни Мулло Мухаммад Бокирхоча

БОКИ Мулло Техронхоча ибни Мулло Мухаммад Бокирхоча

imagesБОКИ Мулло Техронхоча ибни Мулло Мухаммад Бокирхоча мутахаллис ба Бебок, шоири точик (асри 19). Мувофики маълумоти тазкиранигорон Абди ва Мухтарам Боки аз акобирзодагони Бухоро буда, нисбаташ ба Амир Исмоили Сомони мерасидааст. Дар назди олимону фозилон илмхои мутадовилаи даврро ба хуби аз худ намуда, чун шахси донишманд шухрат ёфт. Ба тасаввуф, ба силсилаи накшбандия майл доштааст. Ба шеъру шоири низ шугл меварзид. Дар тазкирахову баёзхои асри 19 намунахои шеъраш – бештар газалхояш сабт гардидаанд. Абёти зерин намунаи шеъри уянд:

Дилам девона аз савдои чашми масти чодуяш,

Чигар хун аз фироки лаъли майгуни сухангуяш.

Ба шоми хачр теги абруяш хар дам кунад бисмил.

Сабо субхи висолаш чон дихад аз буи гесуяш.

Ба занчири мухаббат баста чон месузам аз хичрон,

Ба доми халкаи зулфаш фитад чун холи хиндуяш.

Ба ёди орази гулгунаш аз хар дидаи Боки

Равон аз хар тараф хунобаи дил гашта бар руяш.

Адабиёт: Абибов А. Ганчи Зарафшон. Душанбе, 1991.          

Х. Каландаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.