Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМАТОВА Эначон

БОЙМАТОВА Эначон

imagesБОЙМАТОВА Эначон (1923, дехаи Пулодони нохияи Конибодом – 17.1.2011, хамон чо), пахтакор, Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1960). Устоди пахтаи ЧШС Точикистон (1907). Фаъолияти мехнатиашро солхои 1935-42 аз колхозчии оди шуруъ намуд. Солхои 1943-56 сардори бригадаи пахтакори ва аз соли 1957 раиси колхози «Москва»-и нохияи Конибодом буд. Сахми Бойматова дар рушди пахтакори, богдори ва чорводории нохия бенихоят арзанда буда, дар давраи рохбариаш дар колхоз 4 таълимгохи замонави, богчаи бачагона, беморхона, бинои идораи колхоз ва 40 хонаи икомати сохта, ба истифода дода шудааст. Инчу­нин бо ташаббус ва рохбарии бевоситаи у роххо асфалтпуш гардида, дастгохи насоси обкашии «60-солагии СССР» сохта шуд, ки он боиси мавриди бахрабардори гардидани кариб 1000 га замини бекорхобидаи болои Канали калони Фаргона ва бунёди нави богхои мева гардид. Аз соли 1954 узви КМ ХК Точикистон ва ваки­ли Шурои Олии Чумхурии Точикистон интихоб шудааст. Бо 4 ордени Ленин, орденхои Револютсияи Октябр, Байраки Сурхи Мехнат, 5 медали тилову нукраи Намоишгохи комёбихои хочагии халки ИЧШС ва грамотахои фахрии Президиуми Шурои Олии Чумхурии Точикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.