Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМАТОВ Камолиддин Хамроевич

БОЙМАТОВ Камолиддин Хамроевич

imagesБОЙМАТОВ Камолиддин Хамроевич (24.6.1950, дехаи Домбраи нохияи Восеъ – 4.2.2006, Душанбе), риёзидони точик, академики АИ Точикистон (2001). Хатмкар­даи факултаи механикаву математикаи Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломо­носов (1971), солхои 1971-74 аспиранти хамин университет буд. Соли 1974 рисолаи номзади ва соли 1982 рисолаи докториро дар мавзуи «Асимптотикахои спектралии операторхои дифференсиали ва теоремахои чудокуни» химоя на­муд. Аз соли 1974 то охири хаёт дар Институти математикаи АИ Точикистон кор кардааст (солхои 1981-86 муовини ди­ректор; 1986-2006 мудири шуъба). Тахкикоти илмии Бойматов ба назарияи спектралии операторхои дифференсиали ва псевдодифференсиали, назарияи масъалахои вариатсиони барои муодилахои таназзулёбандаи эллиптики, наза­рияи масъалахои канори барои низоми таркибии муоди­лахои дифференсиали, назарияи масъалаи Коши барои ни­зоми муодилахои параболави ва ба назарияи чудошавии операторхои дифференсиали бахшида шудаанд. Тарзи нави сохтани функсияи Грини муодилахои таназзулёбан­даи параболавиро пешниход намуда, ба воситаи он формулахои асимптотики барои функсияхои таксимшавии спектри синфи васеи операторхои дифференсиали ва псевдодифференсиалиро хосил намуд. Усули ба истилох «ошуби операторхои дифференсиали бо потенсиалхои сингуляри»-ро кор карда, ба воситаи он масъалаи спек­тралии навъи Гасимов-Костюченкоро барои синфхои гуногуни операторхои дифференсиали хал намуд. Коршоямии усули тауберии тахкики асимптотикаи спектралии операторхои дифференсиалиро дар холати зарибхои гайрисуфта исбот намуд. Бойматов муаллифи зиёда аз 150 маколаи илми мебошад, ки кисми зиёди онхо ба забони англиси тарчума ва нашр шудаанд. Тахти рохбарии Бойматов 14 нафар рисолаи номзади ва 2 нафар рисолаи доктори дифоъ намудаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.