Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абулаббоси Лукари

Абулаббоси Лукари

АБУЛАББОСИ ЛУКАРИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форс-точик (асри 11). Дар Лукар (яке аз дехоти Марви хамон давра) ба дунё омада, хамон чо касби камол на¬мудааст. Мувофики маълумоти сар- чашмахои адаби ва илми Абулаббоси Лукари шоири баркамоли давраш ба шумор мерафтааст ва девони ашъор доштааст, вале девони ашъораш то хол дастрас нагардидааст.

Абулаббоси Лукари донишманди маъруфу донандаи илмхои хикмат (фалсафа), мантик, табииёт, риёзиёт, илохиёт, ахлок буд. Ба шарофати Абулаббоси Лукари илми хикмат дар Хуросон ривочи бештаре ёфт ва у дар ин бобат шогирдони зиёде дошт, ки яке аз онхо шоир Каттони Марвази буд.

Абулаббоси Лукари осори илмиашро ба забонхои форси ва араби эчод мекард. Дар илми мантик у асаре дорад бо номи «Баён-ул-хак би- з-замон-ис-сидк» («Баёни хакикат бо замонати рости»). Дар касидаи «Асрор-ул-хикмат» (иборат аз 5 кисм) доир ба сохахои илм – мантик, таби¬иёт, риёзиёт, илохиёт, ахлок шарх навиштааст. Аз Абулаббоси Лукари чун донандаи илми нучум низ ёд мешавад. У хамрохи Умари Хайём дар тахияи «Зичи Маликшохи» иштирок кардааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.