Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛФАТХ Абдуррахмони Искандари

АБУЛФАТХ Абдуррахмони Искандари

АБУЛФАТХ Абдуррахмони Искандари (соли таваллуд номаълум – вафот 1165), олим, сайёх ва чугрофидони араб. Муаллифи лугати географии «Китоб- ул-амкина ва-л-миёх ва-л-чибол ва- л-осор ва нахваха-л-мазкура фи-л- ахбор ва-л-ашъор» («Китоб доир ба маконхо, обу куху ёдгорихо ва гайра, ки дар ривояту шеърхо зикр шудаанд»).

Дар китоб шархи номи кариб 3000 мамлакату вилоят, шахру касаба, бахру дарс, дашту кух, калъаву работ ва гайра мувофики коидаи кадимаи таснифоти чугрофи ба «хафт иклим» омадааст. Инчунин маълумоти нодири таърихи ва намунахо аз адабиёт илова шудааст.

Зимни маълумот оид ба кишвархои Шарки Миёнаву Наздик ва Осиё, дар асар номхои географи ва тасвири шахрхову вилоятхо, дарёю вохахои Самарканд, Бухоро, Хучанд, Марв, Фаргона, Хоразм низ зикр ёфтаанд, ки кимати илми ва таърихиашон барои мо мухим аст. Лугат баъдтар аз тарафи Абумусо Мухаммад ибни Умари Исфахони (вафот 1185) ва Абубакр Мухаммад ибни Мусои Хозими (вафот 1188) тахриру такмил шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …