Маълумоти охирин

Лиму

ЛИМУ (Citrus limon), растании бисёрсолаи хамешасабзи субтропики» мансуби судобихо. Лимуро дар забони руси «Лимон» ва ба забони англиси «Lemon» меноманд. Баландии дарахти лиму 3—7 метр, шоххояш хордор, баъзан бехор, баргаш гафс, дарозруя, тухмшакл, гулаш дучинса, сафеди хушбуй, мевааш тухмшакл, баъзан мудаввар (дарозиаш 5—7 см), вазнаш то 120 грам, гафсии пусташ 2—5 милиметр, рангаш зард, магзи мевааш зарди кушод, сероб ва турш, то 20 (баъзан зиёдтар) дона тухм дорад.

Лиму
Шох ва меваи Лиму дар сурат

Дар кисми чнубии Точикистон Лиму бахор, тобистон ва тирамох нуму карда, зимистон (дар хунукии то -3 -5°С) аз рушд мемонад. Лиму ба харорати паст хеле хассос буда, дар — 1,5—2,5  С мева ва — 5—6° С хунуки баргу навдахои чавонаш зарар мебинад ва дар — 6—8° С хунуки тамоман нобуд мешавад. Лиму растании намию гарми ва равшанидуст. Дар аввали бахор дар харорати 10— 12 дарача С гарми нашъунамо карда гул мекунад. Давраи наваш аз 150 то 180 руз. Дар 2—3 сол баргашро нав мекунад. Гармии оптимали барои сабзиш ва гулкунии Лиму +17 дарача С. Дар натичаи норасоии рушнои Лиму сербарг, вале сабзишаш суст шуда хосилаш кам мешавад. Ватани лимуро Осиёи Чануби Шарки мехисобанд. Лимуи хушбуй маълум нест. Дар кишвархои субтропикии бахри миёназамин, ШМА, Мексика, Аргентина ва дигар мамлакатхо парвариш мекунанд.

Лиму дар Точикистон зиёда аз 70 сол ин чониб парвариш карда мешавад.  Холо зиёда аз 200 навъи он дар чахон мавчуд аст. Лимуро дар районхои Гурчистони Гарби, сохили бахри Сиёхи Кавказ ва кисман кишвархои Краснодар (Сочи—Адлер) дар заминхои кушод мепарваранд. Дар Осиёи Миёна дар хандакхо ва хонахои махсус парвариш мекунанд. Аввалин корхои тачрибави оид ба парваришу санчиши Лиму дар Точикистон соли 1935 дар районхои Панч, Фархор, Кургонтеппа ва Колхозобод cap шуда буд. Аз соли 1949 cap карда дар райони водии Вахш усули дар хандакхо парвариш намудани Лиму васеъ татбик шуд, ки дар он чо шароити мусоиди иклиму хок мавчуданд. Соли 1971 дар районхои водии Вахш 48 хочаги ба парвариши Лиму машгул буданд. Дар ин хочагихо 60 хазор бех Лиму (40 хазор бехаш мева медод) буд ва хамон сол колхозу совхозхои республика ба давлат 1,7 миллион дона мева фурухтанд.

Лимуи хом
Лимуи хом

Точикистон аз чихати истехсоли Лиму дар байни давлатхои  собик шуърави чои аввалро ишгол менамуд. Совхози махсуси лимупарварии ба номи Н. Каробоев 46 гегтар (34 гектар хосилдех) лимузор дорад. Лимузаори тамоми хочагихои лимупарварии чумхури атрофи 50 гектар (асосан дар водии Вахш) аст. Лимупарварони точик соли 1980 ба давлат 650 тонн Лиму фурухтанд. Дар хочагихои лимупарварии республика навъхои «Мейер» (аз соли 1940), «Вилла — Франка», «Лисбон», «Кузнера»-ро парвариш мекунанд. Навъи «Мейер» аз пайванди лимую афлесун хосил шудааст, ки ин навъи тезпаз буда, дар аввали ноябри саросар мепазад. Соли дуюм хосил медихад. Аз хар дарахти Лиму, ки дар хандакхо парвариш карданд 250—300, баъзан 600—700 дона Лиму мегундоранд. Лиму хусусиятхои гуногуни муоличави ва пархези дорад. Барои табобати зангила, гулузиндонак, дарди гулу, касалихои меъдаю руда, фишори хун ва рохи воситаи хубест. Дар таркиби меваи Лиму 3,5—8,1% турши (асосан чавхари лиму), 1,9—3,0% канд, 45— 140 мг (дар 100 г мева) витамини С, инчунин А, В, Р ва г., моддахои пектини, намакхои минералии охан, фосфор, калий, кальций, магний мавчуд аст. Лимуро барои тайёр кардани нушокихои гуногун (лимонад, ликёр ва г.), мураббо, пастила истифода мебаранд. Лиму дар атриёт, канноди ва г. низ ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …