Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мактаби минётури Бухоро

Мактаби минётури Бухоро

МАКТАБИ  МИНЁТУРИ  БУХОРО, яке аз сабк ва мактабхои минётурнигории Осиёи Миёна, ки дар Бухоро ташаккул ёфтааст (асрхои 16— 17). Осори нисбатан кадимтари Мактаби минётураи Бухоро ба солхои 20—30 асри 16 тааллук дорад, ки дар китобхонаи Убайдуллоххон эчод шудаанд. Аксари намояндагони Мактаби минётураи Бухоро минбтурнигороии тахчои, инчунин мусаввирони аз Хирот омада буданд. Асархои давраи аввали Мактаби минётураи Бухоро асосан бо услуби Мактаби минётури Хирот эчод шудаанд. Аммо минётурхои солхои 40 асри 16 дар ду равия офарида шудаанд. Равияи аввал бо эчодиёти мусаввирони Хирот ва пайравони онхо (минётурхои Махмуди Музаххиб дар «Махзан-ул-асрор»-и Низоми, 1545 ва «Бустон»-и Саъди, 1542—49) алокаманд аст. Дар равияи дуюм услуби нави минётурнигории Бухоро (минётурхои «Гулистон»-и Саъди, 1547, «Тухфат-ул-ахрор»-и Чоми, 1548 ва г.) мушохида мешавад.

Бухоро

Мувофики услуби нав бандубасти минётурхо тагйир ёфта, композиция фарохтар, чуссахо калону микдоран камтар, бинохову ороишоташон соддатар тасвир гардидаанд. Хамаи ин аломатхои хоси Мактаби минётураи Бухоро буданд, ки он дар процесси омезиши анъанахои махалли ва услуби минётурнигории Хирот ташаккул ёфт. Солхои 50—70 давраи болорави ва гулгулшукуфии услуби нави Мактаби минётураи Бухоро ба шумор меравад («Гулистон»-и Саъди, 1566—67, «Тухфат-ул-ахрор»-и Чоми). Яке аз намояндагони барчастаи Мактаби минётураи Бухоро Абдуллохи Мусаввири Хуросони мебошад, ки дар эчодиёти худ хусусиятхои мухимтарини ин мактабро инъикос намудааст.

Персонажхои Мактаби минётураи Бухоро сифатхои типии ба худ хос дошта, миёнакади тануманд, кулчаруи бодомчашм, гунчадахони камонабру ва васеъманах тасвир мешуданд. Тобишу тазоди рангхо, пайкархо хеле равшану аник ифода меёфтанд. Махсусан, ранги сиёх дар байни онхо мавкеи мухим дошта, обуранг ва кисматбандии умумии мусаввараро таъмин мекард. Дар асоси як сюжети муайяни ба колиб даровардашуда офаридани минётурхо (мас., лахзаи вохурии дилдодахо, тасвири бокарруфари хокимон дар тахт ва г.— вобаста ба завки супоришдихандагон), ба хукми анъана медарояд.

Бо вучуди якрангию махдудияти сюжет, минётурнигорони Мактаби минетураи Бухоро асархояшонро ба тарзи нав хал мекарданд. Дар санъати минётурнигории солхои 50— 70 Бухоро портретофари (чехракушои) низ мавкеъ пайдо карда, асосан бо намуди он: портретхои яккаса, дукаса ва гурухи инкишоф ёфт. Дар минётурхои солхои 80—90 композицияхои сатхи ва тасвири руякию шарти кувват мегирад. Акнун ба чои боготи сердолударахту маргзори сабзу гулпуш дарахтони токхо ва сабзахои чоч руида тасвир мегардиданд. Пайкархоро (бештар дар токаги, баъзан чуфт) дар заминаи одди тасвир кардан расм гардид.

Дар санъати тасвирии охири асри 16 ва ибтидои аср 17 боз як тамоили дигар пайдо шуд, ки ба инкишофи муносибатхои дустонаи Осиёи Миёна ва Хиндустон алокаманд аст. Дар ин давра як катор мусаввирони Осиёи Миёна ба Хиндустон рафта (мас. Мухаммадмурод ва Мухаммаднодир — рассомони дарбори Акбар), чанде аз рассомони хинд ба Бухоро омада буданд. Таъсири услуби минётурнигорони хинд дар тасвири баъзе персонажхо зохир шудааст. Минётурнигори дар солхои 20 асри 17 ба зинаи нав, ки ба он рухи омантики хос буд, 1 кадам мемонад. Махдудияти схематикии минётури ин давр торафт чои худро ба ифодаи харакату амал, лавхахои пуршукух ва тасвири чузъиёт медихад. Дар нимаи асри 17 Мактаби минетураи Бухоро боз хам бештар инкишоф меёбад («Хамса»-и Низоми, 1648). Бо тамоми чузъиёташ тасвир гардидани олами наботот (чудо-чудо кашидани барги дарахт, гулу сабза), дарбар гирифтани фазои васеъ ва доманадор (тасвири куххои дуродур, иморатхои дар байни талу теппахо чойгирифта) махсули алокаи Мактаби минётураи Бухоро бо минётурнигорони хинд буд.

Осори минётурии ин давр бинандаро бо соддаги, нафосати рангхо, инчунин бо тасвири мохиронаи фазо ва холати табиии персонаж дар вазъиятхои мураккаб ба вачд меорад. Мухаммадмуким, Авазмухаммад, Мухаммадамин, Мухаммадсалим, Мулло Бехзод, Хоча Гадои Наккош намояндагони бехтарини Мактаби минётураи Бухоро мебошанд. Мактаби минётураи Бухоро куллаи олии санъати минётурнигории Осиёи Миёна аст. Мактаби минётураи Бухоро якчоя бо Мактаби минётури Самарканд, Мактаби минётури Мовароуннахрро ташкил додаанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …