Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Водии Фаргона

Водии Фаргона

ФАРГОНА, водии Фаргона, пастхамии байникухист дар кухсори Тиёншон. Асосан дар худуди РСС Узбакистон, кисман дар РСС Точикистон ва РСС Киргизистон вокеъ гаштааст. Фаргонаро аз шимол каторкуххои Курама, Чаткал, Фаргона ва аз чануб каторкуххои Туркистону Олой ихота кардаанд. Дар гарб тавассути гузаргохи камбар бо дашти Мирзочул пайваст шудааст. Тули хами кариб 300 км, бараш то 170 км, масохаташ 22000 км2.

vodii-far

Баландии мутлак дар шарки хами 1000 м, дар кисми гарбиаш 300 м. Иклими води континентист. Харорати миёнаи январ —2, —3“С, июл 24—2ТС. Боришоти солона аз 100 то 500 мм. Дарёи асоси Сир (шохобхояш Сух, Исфара ва гайра). Барои обёрии заминхо якчанд канал (Канали Калони Фаргона, Канали Шимоли Фаргона, Канали Чануби Фаргона, Канали Калони Андичон) ва обанборхо (Кайроккум, Фарход, Куввасой, Фаргона) сохта шудаанд. Фаргона нохияи мухимми пахтакори, богу токдори ва кирмакдорист. Дар води шахрхои Ленинобод, Фаргона, Куканд, Андичон, Намангон, Уш ва гайра чойгир шудаанд. Нигаред низ Депрессияи Фаргона.
У. Олимов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …