Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УМАРОВА Назира Файзиевна

УМАРОВА Назира Файзиевна

УМАРОВА Назира Файзиевна (таваллуд 10. 2. 1915, шахри Хучанд), иштирокчии Чанги Бузурги Ватани, аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз соли 1945.
Солхои 1936—39 дар Омузишгохи тиббии шахри Тошканд тахсил кардааст.
Солхои 1939—41 дар таваллудхонаи шахри Тошканд хамшираи тибби буд. Солхои 1941—48 дар сафи Армияи Совети, дар госпитали 300-уми собик Полки 407-уми Фронти Гарби ва госпитали 877-уми эвакуасионии Фронти Шарки Дур, госпитали эвакуасионии 807-уми гурухи кисмхои харбии Примория хизмат кардааст. Солхои 1948—50 инспектори шуъбаи тандурустии раёни Ленинобод, 1950—72 хамшираи тиббии таваллудхонаи шахри Ленинобод буд. Аз январи 1973 дар нафака. Умарова аъзои клуби шухрати чанги ва мехнатии шахри Ленинобод аст. Бо ордени Ленин ва 9 медал мукофотонида шудааст. А. ОЛИМОВА.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.