УМАРОВ Султон Умарович (11. 8. 1908, шахри Хучанд —6. 5. 1964, Душанбе), физик, ходими давлати ва чамъиятии советии точик, яке аз ташкилотчиёни илм дар Точикистон ва Узбекистон; акад. Академияи Фанхои РСС Узбакистон (1943) ва Академияи Фанхои РСС Точикистон (1957); Ходнми Хизматнишондодаи Илми РСС Точикистон. Аз оилан косиб. Аъзоп КПСС аз соли 1943.
Дар Техникуми педагогии Тошкент (1923—27), Академияи педагогии Самарканд (1927—31) тахсил кардааст. Солхои 1931—32 ичрокунандаи вазифаи досент дар Университети давлатии Уэбекистон (Самарканд), 1936—41 досенти факултети физикаю математикаи хамин университет, 1941—42 чонишини директор ва директори Институти давлатии педагогии Тошкент; ректори Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ, 1942 —43 ва 1945—50); Солхои 1943—45 чонишини Раиси Комиссарони Халкии РСС Узбакистон ва дар як вакт мудири кафедраи физикаи назарии САГУ (аз соли 1949 профессор), 1950—56 мудири Шуъбаи физикаи назарии Институти физикаю техникаи Академияи Фанхои РСС Узбакистон; 1956—57 директори хамин Институт; 1957—64 Прсзиденти Академияи Фанхои РСС Точикистон ва мудири кафедраи физикаи назарии Универститети Давлатии Точикистон. Асархои илмии Умаров ба механикаи статисти, физикаи ядро, электроникаи физики, назарияи асбобхои нимнокили ва фалсафаи табиатшиноси оиданд. Солхои 1951—52 пазарияи Умаров оид ба конуниятхои намкашии пахта ва таъсири оби фурубурдашуда ба хосияти электрикгузаронии наххои вай интишор шуд. Дар заминаи назарияи статистии бугшави ва адсорбсияи моеъхо ба хачм вобаста будани бузургии электрикгузаронии нахи пахта ниа маънидод карда шуд. (Ходисаи мазкур дар лабораторияи Институти физикаю техникаи Академияи Фанхои РСС Узбакистон кашф гардида, тафсири физикии онро назариётчиёни институт Умаров ва Л. Г. Гурвич ба ухда доштанд). Натичаи тадкикоти мазкур ахамияти калони илмию амали дошта, дар асоси он дар институти мазкур асбоби хассоси намисанч сохта шуд.
Минбаъд Умаров тадкикотро дар хамин соха давом дода, доир ба ходисахои физикии дар кабати сатхии чисмхои сахт руйдиханда як силсила маколахо навишт. Дар маколахои мазкур хисобу китоби бузургихои зерин ба амал бароварда шуд: масофаи миёнаи рохи озоди электронхои сонави (дубора хосилшуда) дар металлхо ва диэлектрикхо ва эхтимоли ба вакуум баромадани онхо; масофаи миёнаи рохи озоди заррахои газ дар сурати об андозаи зарфи газдор баробар будани бузургии вай; функсияи таксимоти ионхои аз сатхи металл аксшуда вобаста ба бузургии энергияашон ва кунчхои байни заррахою руи металл дар сурати пароканиши чандкаратаи ионхои мазкур ва гайра.
Солхои 50-ум Умаров доир ба масъалахои мухталифи электроникаи физики ва назарияи асбобхои нимнокили 15 маколаи илми интишор кард. Аз чумла 8-тои он, кий дар зарфи солхои 1954—57 ба табъ расидаанд, ба назарияи феноменологии хомилони чараёни электр дар чисмхои сахт (махз назарияи ходисоти контакти ва электру гармигузаронй) оиданд. Чунончи, назарияи контакти нимнокил-металл барои дарачаи хархелаи ионизониши атомхои бегона (ба истилох омехтахо) мавриди чамъбанди карор гирифт ва хамвора хулосахои нави илми бароварда шудаанд. Тадкикоти мазкур корхои хаммазмуни физики маъруфи совети С. И. Пекар ва шогирдони уро хеле инкишоф дода, натичахои онхоро пурратар ва мукаммалтар гардонидаанд.
Соли 1957 ду маколаи Умаров (якчоя бо С. Хайдарова) чоп шуд, ки ба назарияи электру гармигузарони дар нимнокилхо оид буд. Аз ин пеш дар лабораторияи Умаров назарияи феноменологии гармию электргузаронии нимнокилхо барои холати «тафсиш»-и гази электрони тахия шуда буд. Бино ба ин назария, агар аз нимнокил чараёни пуриктидори электр гузарад ва ё дар даруни он майдони баландшиддати электр бошад, бузургии миёнаи энергияи кинетикии хомилони электр (электронхо ё «сурохихо») хеле меафзояд. Ин холати махсуси физикиро «тафсишот» ном дода буданд. Дар сурати «тафсишот» бисёр хосиятхои физикии нимнокил (электргузарони, консентрасияи хомилон, бузургии «кори баромад»-и онхо ва гайра) тагйир меёбанд. Асбобхои нимнокили одатан дар чунин шароити хос кор мекунанд. Бо вучуди ин назарияи онвактаи асбобхои нимнокили ходисаи «тафсишот»-ро ба назар намегирифт ва дар натича ба андозае номукаммал мемонд. Шогирдони Умаров назарияи мазкурро инкишоф доданд, вале дар хисоби онхо тахмин мерафт, ки дар нимнокили «тафсида», факат ба истилох марказхон пароканиши чинси якум вучуд доранд ва хол он ки дар асл ин тавр набуд. Дар тадкикоти Умаров (ва хамкори у С. Хайдарова) бошад, якбора ду маркази пароканиш ба хисоб гирифта шуд. Дар натича муаллифон ба хулосахои нави илми омадаанд. Масалан, дар сурати ба назар гирифтани факат марказхои пароканиши чинси якум ходисаи Эттингсгаузен (дар нимнокиле, ки дар майдони магнитии самташ нисбат ба равиши чараёни электр нокулибуда вокеъ шудаст, нуктахои дарачаи харораташон гуногун пайдо мешаванд) руй намедихад. Лекин дар чахорчубаи назарияи Умаров-Хайдарова ходисаи мазкур, харчанд хеле суст бошад хам, вучуд дорад. Ба монанди хамин ходисоти Холл, Нерст, Томсон ва дигар низ мазмуну маънии нав пайдо кардаанд.
Умаров дар сохаи фалсафаи табиатшиноси (физика) ва таърихи илм (осори Абуалии Сино) низ тадкикот бурдааст. Умаров инчунин дар драматургия кувваозмои кардааст. Песахои «Улмас» (Театри драмаи ба номи Х. Хамзаи Тошкент ба сахна гузоштааст), «Улугбек», «Одами номаълум», «Духтар дар интихоби шавхар» ва «Файласуфи хандида» ба калами Умаров тааллук доранд. Умаров шеър хам менавишт; баъзе шеърхои узбекии у суруд хам шудаанд (мусикии М. Бурхонов).
Умаров дар хузури Президиуми Академияи Фанхои РСС Точикистон комитети махсуси терминологияро таъсис намуда ба ташаккули истилохоти илмии точики дер илмхои табиатшиноси ва техника такон дод.
Умаров яке аз муассисони Академияи Фанхои РСС Узбакистон ва Институти физикаю техникаи Академияи Фанхои РСС Узбакистон, инчунин бунёдгузори Институтии физикаю-техникаи Академияи Фанхои РСС Точикистон (холо Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров) буд.
Умаров вакили Съезди 22-юми КПСС, депутати Совети Олии СССР (даъватхои 5—6), Совети Олии РСС Узбакистон(даъвати 2), аъзои Комитети Марказии Партияи Комунистии Узбакистон ва Точикистон буд. Умаров инчунин аъзои Комитети иктисодии Совети миллатхои Совети Олии СССР, Комитети Мукофоти ленини оид ба илм ва техника дар хузури Совети Вазирони СССР, Комиссияи умумииттифокии аттестасиони (ВАК), Совети мутобиккунии фаъолияти илмии академияхои республикахои иттифоки, раиси Совети илми оид ба омузиши куввахои истехсолкунандаи республика (СОПС) ва сармухаррири журнали «Маърузахои Академияи Фанхои РСС Точикистон» буд. Бо ордени Лелин, 2 ордени Байраки Сурхи Мехнат, медалхо ва Грамотахои Фахрии Президиуми Советхои Олии РСС Узбакистон ва РСС Точикистон мукофотонида шудааст.
Асархо: Дустии абади, Сталинобод, 1058; Инкишофи илм дар Точикистон, Сталинобод, 1950; Ленин и развитде современной физики, Душанбе., 1960; Атом ядро энергияи, Тошкент, 1965; Избрание тр., Тошкент, 1978.
Адабиёт: Султон Умарович Умаров (1908 —64), Биограф справка и библиотека работ. Душанбе, 1965; Турсунов А., Марди некфарчом, Душанбе, 1967; хамон чо. муаллиф, Кирони саъд, Душанбе, 1986.
А. Турсунов.
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.