Маълумоти охирин

ТУВА

ТУВА, Республикаи Автономии Советии Сосиалисти (Тыва Автономнунг Совет Сосиалистич. Республика), дар хайати РСФСР. 10 октябр 1961 таъсис ёфтааст. Масохат 170,5 хазор км2. Ахолиаш 276 хазор нафар (1984) ; асосан тувагихо ва русхо. Ахолии шахри 44%. 13 район ва 5 шахр дорад. Пойтахташ шахри Кизил. Дар куххои Сибири Чавуби, болооби дарёи Енисей вокеъ гашта, дар чануб бо РХМ хамсархад аст. Кисмхои гарби ва марказии вилоятро хамии Тува ва шаркиашро куххо ишгол кардаанд. Харорати миёнаи январ аз —28°С то —35°С, июл 15—20°С. Боришоти солона 200—1000 мм.

tiva
Худуди Тува то миёнаи асри 9 ба хоконихои Турк ва Уйгур дохил буд; аввали асри 13 онро истилогарони мугул ва асри 18 манчурхо забт карданд. Соли 1912 ба зулми манчурхо хотима дода шуд ва Тува (кишвари Урянхой) ба тахти васояти Россия гузашт (1914). Дар натичаи революсияи миллию озодихохона Тува 14 8. 1921 Республикаи халки эълон шуд. 11. 10. 1944 ба хайати СССР (хамчун ВА дар РСФСР) дохил гардид.
Саноаташ: истихрочи маъдани кухи (асбест, кобалт, ангишт), саноати чангал, сабук, хуроквори, коркарди металл, масолехи бинокори. Сохаи асосии хочагии кишлок— чорводори (бузу гусфандпарвари). Дар хамии Тува галладона (гандум, чав, сули, арзан) ва зироати хуроки чорво мекоранд. Дар куххо хайвони муинадор шикор мекунанд. Воситаи асосии наклиёт автомобил. Тува бо стансияи рохи охан Абакая (тавассути шохрохи Усинск) ва стансияи рохи охан Абаза (тавассути рохи автомобилгарди Окдовурак-Абаза) пайваст мебошад. Бо орденхои Ленин (1964) ва Дустии халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …