Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТРИХОФИТИЯ

ТРИХОФИТИЯ

ТРИХОФИТИЯ шукуфаи муйчин, саъфа, бемории занбуругии одам ва хайвонот, ки ба гурухи трихомикозхо (нигаред Дерматомикозхо) мансуб аст. Барангезандаи Трихофития занбуругхои чинси трихофитон буда, 83 онхо асосан пуст, муй ва нохун осеб меёбанд. Манбаи касали одам ва хайвони бемор инчунин ашёи занбуругчадор меоошад.

trixofitiya

Ба трихофития бештар бачагон гирифтор мешаванд. Хангоми трихофитияи сатхи, ки занбуругхои дар одам паразитикунанда (антропофили) ба вучуд меорад. Дар пуст догхои гулобиранги мудаввари канорхояшон барчастаю миёначояшон пустпарто ба вучуд меоянд. Муи чои иллатёфтаи сар тунук ва мурт мешавад. Нохунхо хокистарранги тира, канорхояшон нохамвор ва гафс шуда, худ аз худ майда шуда мерезанд. Трихофитияи чукур хангоми бо занбуругхои дар хайвонот паразитикунанда (зоофили) сироят ёфтан руй медихад, ки дар натича онхо ба кабати пуст даромада гиреххои газакноки чирковар пайдо мекунанд. Муйи чои касали пурра мерезад ва хангоми фишурдани он мадда мебарояд. Пешгири: Хар сари чанд вакт аз назар гузаронидани бачагон, чудо кардани беморон, дезинфекцияи ашё, назорати ветеринари.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …