Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛСТОВ Сергей Павлович

ТОЛСТОВ Сергей Павлович

tolstov-sp

ТОЛСТОВ Сергей Павлович (25. 1. 1907, Петербург—28, 12. 1976, Москва), археолог, этнограф, муаррих ва шаркшиноси совети. Доктори илмхои таърих (1942), профессор (1943),аъзо-коррспонденти Академияи Фанхои СССР (1953), академики Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон. (1956), Ходими Хизматнишондодаи. Илми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон. (1951), Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон, Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Карокалпокистон. (1967); Аз оилаи хизматчии харби. Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1930 Университети давлатии Москваро хатм кард. Солхои 1942—65 директори Институти этнографияи Академияи Фанхои СССР буд.

Тадкикоти илмии Толстов, ба халли масъалахои мухими археология, этнография, таърихи даврахои кадим ва асрхои миёнаи халкхои Осиёи Миёна, аз чумла таърихи дин, сохти чамъияти, этногенез, ёдгорихои даврахои атика ва асрхои миёна, равобити иктисодию мадании халкхо ва такдири таърихи онхо, таърихи обёрии кадим, хайкалтароши ва санъати тасвири, маданият ва гайра оид аст. Толстов ташаббускор ва рохбари Экспедицияи археологи ва этнографии Хоразм (1937—69). Толстов муаллифи бештар аз 300 асару маколахои илми. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1949). Бо 2 ордени Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст.

Асархо: Древний Хорезм. Опыт историкоархеологического исследования, Москва, 1948.

А. Валиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.