Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛИБИ ОМУЛИ Мухаммад

ТОЛИБИ ОМУЛИ Мухаммад

ТОЛИБИ ОМУЛИ Мухаммад мутахалис ба «Ошуб» ва «Булбули Омул» (1580, Омули Эрон —1627, Фотехпури Сикри), шоири форсизабони Хиндустон. Илмхои хандаса, мантик, хайат, хикмат ва хунари хушнависиро дар зодгохаш омухт. Чанд сол дар Кошон, Исфахон, Машхад ва Марв зиста, пас ба Хиндустон рафт. Маликушшуарои дарбори шох Чахонгир буд. Куллиёташ бештар касида, газал, рубои, китъа ва маснави (22966 байт)-ро дар бар мегирад. «Сузу гудоз», «Чахонгирнома», «Казо ва кадар» маснавихои машхури уянд.
Дар эчодиёти Толиби Омули танкиди беадолатихои замон ва замондоров, мазаммати акоиди дини, ахкоми шариат, афкори пандуахлоки, шикоят аз мухит ва гайра ба назар меразанд. Шеърхои зиёди Толиби Омули, ки тасвирхои рангин, ташбеху истиороти камёб доранд, дар васфи табиати Хиндустон ва фаслхои соли он эчод шудаанд (касидахо дар васфи Кашмир, газали «Файзи пиёла бахшад обу хавои Кашмир» ва гайра).
Толиби Омули дар таърифи тобистон хам касидаи баланде гуфтааст. Як китъаи уро, ки дар васфи хохараш аст, мухаккикон бехтарин шеър дархакчи зан донистаанд. Толиби Омули анъанаи Саъди, Хусрави Дехлави ва Хофизро ба тарэи нав давом додааст. Шеъраш сухани нав, иборатхои нодир, ташбехоти латиф ва кинояхои нозук дорад. Дар шеъри у, ки соддаву фахмост, ишора ва таъбиру хикматхои халки бисёр истеъмол шудаанд. Толиби Омулиро Соиби Табрези устоди худ хондааст.
Осор: Намунае аз осор, «Садои Шарк», 1974, М 2.
Адабиёт: Саидчафаров Ш., Назаре ба хаёти Толиби Омули дар мачмуаи: Чанд мулохизаи адаби, Душанбе, 1975; хамон муаллиф, Танкиди беадолатихои чамъияти феодали ва хокимони он дар лирикаи Толиби Омули, дар мачмуаи: Образ ва махорат, Душанбе, 1979. Ш. Саидчаъфаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.