Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ СИСТОН»

«ТАЪРИХИ СИСТОН»

«ТАЪРИХИ СИСТОН» китобест, ки дар худуди солхои 1054 —1325 ба забони форси-точики таълиф шудааст. Муаллифаш маълум иест, аашо аз руи сабки иншои китоб чунин бармеояд, ки онро ду ё се нафар бо навбат навшитаанд, зеро услуби навиштаи ибтидои китоб ва кисми охири он ба кулли фарк мекунад. Ба гуфтаи Маликушшуарои Бахор таълифи ин китоб бори аввал дар замони Яъкуб ибни Лайс, бори дигар дар замони Тугрулбеки Салчуки (асри 11) ва бори сеюм дар худуди солхои 1324—25 сурат гирифтааст. Таърихи мухтасари Систон то истилои араб, мавкеи чугрофии ходисаю вокеахое, ки ба ин мулк вобаста аст, мазмуни асосии ин асарро ташкил медиханд. Дар «Таърихи Систон» дар хусуси бунёди ин мулк, ободонии он, номхо ва худуди дехахои тобеи он, доир ба хаёти шахсони бузурги ин сарзамин ва пайгамбарон маълумот дода шудааст.
Дар «Таърихи Систон» китобхои таърихию адаби ва муаллифони онхо: «Шохнома» ва «Китоби ачоиби барру бахри Абулмуайяди Балхи, «Фазоили Сичистон»-и Хилоли Юсуф, «Ахбори Систон» ва «Китоби анбиё»-и Али ибни Мухаммади Табари, «Китоб-ут-таърих»-и Мухаммад ибни Мусои Хоразми ва гайра номбар шудаанд.
Забон ва услуби асар бисёр соддаю равон буда, намунаи хуби насри асрхои 11—12 мебошад. «Таърихи Систон» барои омузиши хаёти гузаштаи адаби ва сиёсии халкхои форсу точик сарчашмаи муътабар аст. Ашъори бисёр классикон, мисли Рудакию Дакики ба туфайли хамин асар то замони мо боки мондааст.

«Таърихи Систон» солхои 1935 ва 1960 дар Техрон нашр ва ба забони руси тарчума шудааст. У. Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.