Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ХОНИ ЧАХОНИ ВА МАХЗАНИ АФГОНИ»

«ТАЪРИХИ ХОНИ ЧАХОНИ ВА МАХЗАНИ АФГОНИ»

«ТАЪРИХИ ХОНИ ЧАХОНИ ВА МАХЗАНИ АФГОНИ» (бо номхои «Рисолаи таърихи афгониёи», «Таърихи афгони», «Махзани афГОНИ» низ машхур аст), асари таърихии муаррихи форс-точик Неъматуллох ибни Хабибуллохи Хирави, ки солхои 1612—13 ба забони точики таълиф шудааст. Китоб аз мукаддима, хафт боб ва хотима иборат аст. Мукаддима ба таърихи Яъкуб ва авлоди у, бобхои 1—2 ба таърихи афгонхое, ки ба тарафи Гур, куххои Сулаймону Рох мухочират кардаанд ва саргузашти Халид ибии Валид, бобхои 3—4 ба саргузашти Бахлули Луди ва авлоди у (то соли 1526), Шершохи Сур ва авлоди у то соли 1612), бобхои 5—6 ба хаёт ва фаъолияти Хони Чахота Луди ва шачараи афгонхо, боби 7 МУХТАСАРАН ба таърихи подшохии Чахонгир бахшида шудааст. Тафсири хаёт ва зиндагии 68 уламои афгон дар хотимаи асар омадааст.
Муаллиф дар мукаддима кайд мекунад, ки аз «Таърихи Табари», «Таърихи гузида», «Мачмаъ-ул-ан- соб», «Таърихи Низомшохи», «Акбарнома», «Таърихи Шершохи», «Табакоти Акбари» ва гайра истифода кардааст.
«Таърихи хони чахони ва махзани афгони» барои омухтани таърихи сарзамини афгон ва баъзе вокеаю руйдодхои асрхои 15—16 ва маъхазхои мухим ба шумор меравад. Китоб солхои
1960—62 дар Дакка чоп ва ба забонхои англиси (1958, 1965), пушту (1905) тарчума шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.