Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»

«ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»

«ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»(исми пуррааш: «Ал-Комил-фи-ин таърих»; бо номхои «Комил-ут-таърих», «Ал-Комил» ва «Комид» низ меояд), асари Азуддин Абулхасан Али ибни Мухаммад ибни Асир, ки солхои охири хаёташ ба забони араби таълиф кардааст. Ин асар аз 12 чилд иборат буда, дар он таърихи олам, хусусан таърихи муфассали мамлакатхои исломи аз давраи кадим то соли 1231 баён шудааст. Муаллиф баробари зикри вокеахои гуногун дар хусуси пайгамбарону шохони зиёд маълумот медихад. Ба гуфтаи муаллифи китоб, у дар навиштани он аз асархои Балозури, Табари ва гайра истифода кардааст. Кисми охири «Таърих-ул-Комил» ба вазъияти сиёсии Осиёи Миёна дар давраи хучуми мугул бахшида шудааст. Азбаски охири хаёти Ибни Асир ба давраи хукмронии мугулхо дар Осиёи Миёна иттифок афтода буд, у бисёр вокеахои дидаю шунидаашро ба асараш дохил кардааст, аз ин ру, «Таърих-ул-Комил» аввалли китобест, ки рочеъ ба ибтидои хукмронии мугулхо дар Осиёи Миёна маълумот медихад. «Таърих-ул-Комил» бори охирин соли 1965 дар Бейрут нашр шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.