Маълумоти охирин

ТАЪМИР

ТАЪМИР, мачмуи тадбирхои техникию иктисоди ва ташкилиеро гуянд, ки барои нигохдори ва тачдиди чузъи ё пурра арзиши истеъмолии фоидхои асоси (воситахои истехсолот) ё ашёхои истеъмолии шахси меандешанд. Бартараф намудани хароби, соз ва иваз кардани кисмхои вайронро низ таъмир меноманд.
Дар натичаи таъмир тачхизоти техникиро дуруст ва кобилияти кории онро баркарор мекунанд. Вобаста ба хусусиятхои конструктиви, вайроншави ва дарачаи кухнашавии кисмхои чудогонаи дастгох, хамчунин аз руи мехнатталабии корхои баркароркуни таъмир чори, миёна ва асоси мешавад. Хангоми таъмири чори баъзе кисмхоро иваз ё кори онхоро баркарор, нуксонхон чузъиро бартараф карда, инчунин корхои танзимиро ба чо меоваранд. таъмири чориро шахсоне, ки бо дастгох кор мекунанд ё бригадахои таъмир дар чон кор (аксар хангоми азназаргузаронии профилактики) мегузаронанд.

tamir

Дар вакти таъмири миёна дастгохро кисман кушода холати техникии кисмхоро месанчанд, нуксонхои чондоштаро бартараф менамоянд, баъзан кисмхои чудогонаи онро пурра таъмир мекунанд. Таъмири миёнаро кормандони таъмиргохи сайёр ё доими ба чо меоваранд. Таъмири асоси таъмири нисбатан пурра буда, онро дар таъмиргохи доими ичро мекунанд. Хангоми таъмири асоси дастгохро пурра ба кисмхо чудо карда, аз назар мегузаронанд ва кисмхои вайронро дуруст ё иваз менамоянд. Сипас кисмхоро чо ба чо намуда, аз санчиши муштарак (комплекси) мегузаронанд.
Маблаге, ки барои таъмири миёна ва чори сарф шудааст, ба арзиши аслии махсулоти корхона дохил мешавад. Харочоти таъмири асосии воситахои истехсолот арзиши аслии онхоро зиёд намекунад ва аз хисоби фонди амортизация ба амал бароварда мешавад. (нигаред Амортизацияи фондхои асоси). Барои баланд бардоштани самаранокии истехсолоти чамъияти ба чои таъмири асосии серхарочот тадбики тачхизоти нави мукаммал одатан фоиданок аст. Хама гуна таъмири фондхои асосиро аз руи план мегузаронанд.
Ашёхои истеъмолии шахсиро корхонахои хизмати маиши асосан аз хисоби ахоли таъмир мекунанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …