Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАРКИБИ ЛУГАВИИ ЗАБОН

ТАРКИБИ ЛУГАВИИ ЗАБОН

ТАРКИБИ ЛУГАВИИ ЗАБОН, мачмуи калимахо (лексика)-и ягон забон аз чумла неологизмхо — калимахои нав, лексикаи шеваги, жаргонизмхо, истилохот ва гайраро гуянд. Микдори лексикаи таркиби лугавии забон ба хусусияту дарачаи инкишофи хаёти иктисоди, ичтимои ва мадании сохибони забон вобаста аст. Таркиби лугавии забон системаи муташаккиле (нигаред Системаи забон) буда, дар он калимахо аз чихатхои гуногуни фарогирандаги ба якдигар марбутанд (синонимхо, омонимхо, антонимхо ва гайра).

book
Калимахои Таркиби лугавии забон аз чихати дарачаи истифодаву истеъмол ба ду гурух — калимахои фаъол ва гайрифаъол чудо мешаванд. Лугати фаъол калимахоеанд, ки ба хамаи истеъмолкунандагон фахмоанд ва дар гуфтугуи мардум хамеша озодона истифода мешаванд. Калимахои кухнашудаи таърихи, архаизмхо, калимахои нави истеъмолашон умуми нагардида, истилохоти илми ва калимахои мансуби ягон пеша ва хунар, ки дар доираи махдуди одамон истифода мешаванд, ба гурухи лугатхои нофаъол дохиланд. Худуди лугатхои фаъол ва лугатхои нофаъол нисбист. Дар инкишофи таърихии забон гузариш аз гурухи фаъол ба нофаъол ва баръакс ходисаи мукаррарист. Ба ин гуна тагйирот аз хама камтар калимахое дучор мегарданд, ки аз тарафи хамаи сохибони забон баробар истеъмол мешаванд ва ин гуна калимахо фонди лугавии асосии забонро ташкил медиханд.
Таркиби лугавии забон дар чараёни пешрафти хаёти ичтимои аз хисоби конуниятхои Дохилии забон, махсусан калимасози ва калимахои иктибосии забонхои дигар бой мешавад ва такмил меёбад. Дар даврахои гуногуни инкшиофи таърихии забони точики ба таркибм лугавим он калимахои зиёди хоричи — юнони, араби, турки ва гайра дохил шудаанд. Дар асри 19 ва аввали асри 20, махсусан, пас аз галабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр ба Таркиби лугавии забони точики калимахон руси ва руси-интернасионали рох ёфтанд.
Холо ин гуна калимахо дар кабатхои гуногуни таркиби лугавии забони точики, хусусан дар лексикаи илмию техники, чамъиятию сиёси, моддию маиши дида мешаванд. Таркиби лугавии забон дар лугат ва фархангхои тафсирии забон инъикос меёбад. Х. Рауфов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …