Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТАРБИЯИ МУСИКИ

ТАРБИЯИ МУСИКИ

ТАРБИЯИ МУСИКИ, тарбия намудани табъи мусикию эстетикист. Он дар ибтидо дар богчахои бачагон ва мактабхо гузаронида мешавад. Чабхаи асосии тарбияи мусики гуш кардани мусики, омухтани суруд, усули овозхонии хори мебошад. Унсури мухими тарбияи мусики хунарварии худфаъоллити аст. Аз чумла бачагон дар хонахои пионерон (студияи мусики, хорхо, ансамбл, оркестр ва гайра) ба мусики машгул мешаванд. Кариб дар хамаи районхои Точикистон Хонаи пионерон ва мактабхои мусики хастанд, ки онхо ба бачагон аз хурди нозукихои санъати нафисаро меомузанд. Инчунин дар мактабхои миёнаи маълумоти умуми дарси мусики хонда мешавад.

t-musiki

Аз хисоби хонандагони болаёкат дастахои хаваскорони чавон ташкил меёбанд, ки дар азназаргузаронихои районию республикави махорати худро месанчанд. Дар Душанбе 4 мактаби миёнаи махсуси мусики, як мактабинтернати мусики, Хонаи марказии пионерон ва 4 Хонаи пионерони райони мавчуд аст, ки садхо шогирдони мактаб он чо тарбияи мусики мегиранд. Бехтарин коллективхои бачагонаи мусики ансамбли бачагонаи тарона ва ракси «Бунафша» (Хонаи марказии пионерони шахри Душанбе) ва ансамбли навозандаю овозхонхои «Наргис» (Хонаи пионерони шахри Турсунзода) ба шумор мераванд. Тарбияи мусики заминаи асосии тайёр намудани хунарварони сохибистеъдод дар санъати мусикист.
И. Рахимов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …