Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРАКИ Нурмухаммад

ТАРАКИ Нурмухаммад

ТАРАКИ Нурмухаммад (1917, шахри Мукури музофоти Гаэни — сентябри 1979, Кобул), ходими давлати ва сиёсии Афгонистон, нависанда ва мутарчим. Аз оилан дехкон. Коргари фабрикаи консерви ширкати «Мивес путтун»-и Кандахор ва аз соли 1934 дар намояндагии ин ширкат дар Бамбай (Хиндустон) буд. Охири солхои 40— аввали солхои 50 дар таъсис ва фаъолияти чамъияти сиёсии «Чавонони бедор», ки барои демократикунонии хаёти чамъиятии Афгонистон чидол мекард, иштирок дошт; дар газетаи ин чамъият низ кор мекард. Ибтидои солхои 50 дар радиои Кобул, агентии телеграфии «Бохтар» кор кард. Солхои 1952—53 намояндаи атташеи матбуот дар сафоратхонаи Афгонистон дар ИМА; барои ахли оилан шохи Афгонистонро дар газетаи амерккои танкид карданаш аз кор гирифта шуд. Аз соли 1953 ба кори адаби машгул буд, муаллифи як катор повесту хикояхои дорои мазмунхои тезу тунди ичтимои мебошад. Январи 1965 ба Партияи Демократии Халки Афгонистон асос гузошт. Котиби генералии Комитети марказии Партияи Демократии Халки Афгонистон ва мухаррири газетаи хархафтаинаи он «Халк» (дар Пленуми якум интихоб шуда буд). Аз ашъораш 1978 баъди бо рохбарии Партияи Демократии Халки Афгонистон дар Афгонистон галаба кардани революцияи халки то марти 1979 Раиси Совети Вазирони Реслубликаи Демократии Афгонистон буд. Назаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.