ТАРАБХОНА, кушке буд дар мавзеи Боги Сафеди Хирот. Бино ба маълумоти Абдурразоки Самарканди, соли 1411 Шохрух сохта будааст. Вале аз руи маълумоти Бобур онро гуё солхои 1449—57 Султон Абулкосим бино кардааст. Дар давраи Султон Абусаид Мирзо деворхои дохилаш бо тасвири манзарахои разм музайян шудааст. Тарабхона иморати дукабатаву гунбаздори зебое буда, дар чор тарафаш хучра ва дар мобайн мехмонхона доштааст. Тарабхона намунаи кушкхои асрхои 14—15-и атрофи Самарканд буда, барои омузиши санъати меъмории Осиёи Миёна ахамияти махсус дорад.