ТАППОНЧА, туфанги оташфишони фардист барои махви душман (то масофаи 70 м). Таппончахои пидтаги дар Европа ва Осиё асри 16 пайдо шуданд. Дар армияхои гуногун аз асри 17 сар карда Таппончахои затвораш чакмоки ва аз асри 19 Таппончахои капсюли маълум буданд. Барои афзудани суръати тирпаррони дар ин давра Таппончахое месохтанд, ки ду ва бештар мил доштанд» То солхои 50 асри 19 аксар таппончахо хамвормил буданд ва бевосита ба милашон тир чо карда мешуданд. Солхои 50 асри 19 чои онхоро аслихаи мукаммалтар — револверхои рахпечмила гирифтанд.
Баъди ихтирои борути бедуд (солхои 80 асри 19) ва патрони гилзааш металли таппончахои автомати ба вучуд омаданд, ки суръати тирандозии онхо нисбатан баланд мебошад. Армияи совети бо Таппончаи системаи Н. Ф. Макаров мусаллах аст. Таппончахон сигналдихи ва спорти низ мавчуданд.
Холо таппончахои системахои гуногун, аз чумла «Колт» (ШМА), «Браунинг» (Англия), «Валтер» (РФГ) ва гайра чун силохи харбии аксар мамлакатдои капиталисти астифода мешаванд.