Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / “ТАНКИДИ ПРОГРАММАИ ГОТА”

“ТАНКИДИ ПРОГРАММАИ ГОТА”

“ТАНКИДИ ПРОГРАММАИ ГОТА”, номи як асари машхури К. Маркс аст, ки соли 1875 иншо шуда, соли 1891 аз чоп баромадааст. Дар он принсипхои асосии назарияи коммунизми илми инкишоф дода шудаанд; тахлили интикодии программаи партияи сосиал-демократии Германияро дар бар гирифтааст, ки барои съезди навбати дар Гота тайёр шуда буд.
К. Маркс дар ин асар хусусиятхои асосин ду фазаи чамъияти коммунисти: сосиалиам (фазаи поёни) ва косммунизм (фазаи оли)-ро муайян кардааст. Аз чумла К. Маркс тасаввуроти майдабуржуазиро дар бораи он ки гуё дар чамъияти коммунисти махсулотро ба хама баробар таксим мекарда бошанд, сахт танкид мекунад. К. Маркс аз таълимоти худ дар бораи давлат, ки дар асоси тадкики тачрибаи революсияхои гузашта ва муборизаи синфи дар чамъияти буржуази ба вучуд оварда шудааст, хулюса бароварда, дар «Танкиди программаи Гота» ногузирии таърихии давраи гузаришро аз капиталиам ба коммунизм нахустин бор мукаррар мекунад ва дар айни хол зарурати диктатураи пролетариатро хамачихата асоснок менамояд. К. Маркс дар «Танкиди программаи Гота,» масъалахои мухимми тактикаи муборизаи синфии пролетариатро низ мавриди баррасии назари карор дод. У акидаи Ф. Лассалро дар боби он, ки гуё нисбат ба синфи коргар дигар хамаи синфхои бокимонда «факат як оммаи реаксиони» мебошанд, рад кард. «Танкиди программаи Гота» яке аз таълифоти асосии К. Маркс мебошад. Таълимоти К. Маркс ва Ф. Энгелс оид ба масъалаи чамъилти коммунисти ва даюлат дар асархои В. И. Ленин, хусусан дар «Давлат ва революция» минбаъд инкишоф ёфааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.