Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ТАНКИД ВА ХУДТАНКИДКУНИ

ТАНКИД ВА ХУДТАНКИДКУНИ

tankid

ТАНКИД ВА ХУДТАНКИДКУНИ, тарзу услуби ошкор намуданн зиддиятхои инкишофи чамъияти, яке аз принципхои умдаи фаъолияти инкилобию дигаргунсозандаи партияхои марксистию ленини, дар чамъияти сосиалисти бошад,— тамоми халк; яке аз куввахои мухаррикаи тараккиёти чамъияти сосиалисти. Зарурати танкид ва худтанкидкуни аз ниходи диалектикии тазодхо байни инкишофи босуръати талаботи чамъияти ва имкониятхои конеъ гардондани онхо, дарачаи инкишофи куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсоли, муборизаи байни наву кухна ва хатохои субъектявие бармеояд, ки дар процесси инкишофи чамъият руй медиханд. Партияхои марксистию леннини сабабхои содиршавии хатоихоро ошкор карда, барои бартараф намудани онхо чорахои зарури мебинанд.
Танкид ва худтанкидкуни дар хама чабхахои хаёти чамъшти, сиёси ва истехсоли, идеология, маданият, маишат, рохбарии партияви ва давлати чой дошта метавонад. Танкид ду шакл дорад: хамчун омили мубориза ба мукобили душманони сохти сосиалисти ва хамчун омили ёри барои бартараф кардани камбудихои дохили чамъият. Танкид хамон вакт нафъовар аст, ки хайрхохова ва ба манфиати чамъият нигаронда шуда бошад. Танкид ва худтанкидкуни бояд дар асоси далелхои аники санчидашуда, таклифхои асоснок ва боэътимод бурда шавад. КПСС ва Давлати Совети танкид ва худтанкидкунии муфидро дастгири намуда, барои ривочи он шароит фарохам меоваранд. Дар съездхо, пленумхо ва карорхои партия барои ошкор намудани камбудию норасоихо, ахамияти ривоч додани танкид ва худтанкидкуни дар кори рохбарин партияви ва хочагидори махсусан таъкид шудааст. Дар Конституцияи СССР канд шудааст, ки «хар як гражданиии СССР хукук дорад, камбудихои корро танкид кунад. Таъкиб барои танкид манъ карда мешавад…» (моддаи 49).
X. Сохибназаров, А. Мухаббатов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …