Маълумоти охирин

ТАНГА

ТАНГА, ВОХИДИ пулиест, ки аз филиз (тилло, нукра, мис, никел, алтоминий ва гайра) сикка зада, хамчун воситаи хариду фуруш ва пардохт истифода мебараяд. Тангаи байзашакл ё мудаввар барои истифода мувофиктар буда, дар муомилаи одамон маъмул аст. Аверс (руя), реверс (пасн он) ва гурт (канор)-и танга аз хамдигар фарк мекунанд. Хар як танга тасвир (сабти унвон, ном, герби хоким) ва эзохот (тахр ва давлатн сикказанандаи танга) дошт. Танга кариб дар як вакт (асрхри 8—7 то мелод) дар давлати Лидия (Осиёи Хурд) ва чазираи Эгина (Юнони Кадим) пайдо шуд.

tanga
Дар Осиёи Миёна бори нахуст танга дар асри 3 то мелод бо ду усул сохта мешуд: дар колаб филизи обкардаро мерехтанд ё филизи лундаро дар байли ду штемпел гузошта сикка мезаданд. Хануз дар асри 3 шох Селевки I зарробии тангаро ба рох монда, дар руи он номи худаш ва писараш Актиохи 1-ро сабт карда буд. Дар давраи Юнону Бохтар Селевкиён тангахои худро доштанд, ки ба он харфи аввали ном ва акси диодот сикка зада мешуд. Дар ахди Диметрий бошад, тангахоро ба ду забон сикка заданд. Дар як тарафаш гирдогирди акси Деметрин ба забони хинди катиба дорад. Аз наздикихои посюлкаи Панч тангаи Евкратид ёфт шудааст. Аз Осиёи Миёна, Афгонистон ва Хиндустон тангаи замони Кушониёнро ёфтаанд. Кадфизи II (238—278) ислохоти пул гузаронида, дар муомилот тангаи тиллоро чори намуд. Дар давраи Кушониён (асрхои 1—3) ва Сосониён (асри 3) дар Марв ва Хирот варробхонахои махсус мавчуд буданд. Дар ин давра асосан танган мис ба муомилот мерафт. Пас аз ислохоти Кадфизи II чандин маротиба ислохоти пул гузаронида шуд. Дар давраи Сомониён тангаи тилло ба зару зевар ва мол табдил ёфт, тангаи нукраги — дирхам дар муомилот истифода мешуд. Асрхои 9—10 дар давлатхои Тохириён ва Сомониён дирхамхои гуногун сикка зада мешуданд ва хар як намуди он ном (хоразми, мусайями, мухаммади, гитрифи) ва таъинот доштанд. Дар асри 9 ва хусусан асри 10 дирхамхои умумидавдати бетасвирот буданд ва танхо катибаи хати куфи доштанд. Дар асри 10 тангахои Исмоили Сомони пайдо шуданд. Баъди ислохоти пулие, ки Темур дар солхои 80 асри 14 гузаронд, танхо тангаи нукраги сикка зада мешуданд. Баъдтар дар Осиёи Миёна тангахои пулхои калони нукраги, миси чака ном гирифт. Курби танга дар замони мухталиф гуногун буд. Дар асри 19 дар аморати Бухоро як танга ба 15 тин ва дар хонихои Хукавду Хева як танга ба 10 тини Россия баробар буд. Бо пайдо шудани пули когази кимати танга пасттар гашт. Аз сабаби ахамияти зиёди иктисоди надоштанаш тангаи тилло ва нукра хеле кам бароварда мешуд.
Нахустин тангаи совети соли 1021, тангахои дар муомилот будаи хозира соли 1961 бароварда шудаанд. Дар руи тангахои совети дар байни хушахои гандум кимат ва соли истехсоли он, дар пасаш тасвири герби давлати ва катибаи «СССР» сикка зада шудааст. Дар тангахои хотирави ва чашни ба чои кимати танга тасвироти заруриро сикка мезананд.
Танга яке аз сарчашмахои мухими таърихи буда, дар халли бисёр масъалахои таърихи кадим мадад мерасонад. Ба тадкики Танга илми нумизматика машгул аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.