ТАМРИ ХИНДИ субо, суббор, хурмои хинди, анбала чинча, тамаринд (Таmarindus indica), дарахтест аз оилаи лубиёихо. То 40 м кад мекашад; баргаш пармонанд, гулаш зардтоб, гилофакаш серобу сершира (30—40% канд, витамини С., кислотахои органики дорад), ширину андак нордон. Тамри хиндии худруй дар нохияхои тропикии Африка ва Осиё меруяд (хатто Дагоар — мармази Сенегал аз номи махалии Тамри хинди— «Лакаг» аст). Тамри хиндиро холо дар бисёр давлатхои тропики мепарваранд. Дар Хиндустон соле беш аз 250 хазор т мева мегундоранд.
Меваи Тамри хиндиро тару тоза ва хушконда истеъмол мекунанд. Онро барои тайёр кардани хар гуна нушоки, чем ва дар канноди истифода мебаранд. Аз тухмаш охар мегиранд. Хиндухо гулу баргашро чун сабзавот истеъмол мекунанд. Аз чубаш чарх, мебел ва гайра месозанд.
Тамри хиндиаз каднм растанин доруи хисоб мешавад. Аз хосияти даволи меваи Тамри хинди Абуханифаи Диновари, Закариёи Рози, Абурайхони Беруни ва Абуалии Снно вокиф буданд. Масалан, Буали чушоби Тамри хиндиро чун доруи зардарон истифода бурдааст. Юсуф Мухаммад дар «Чомеълфавоид» (соли таълифаш 1500) Тамри хиндиро таквиятбахшандаи меъдаи гарм хисобидааст:
Меъдахои гармро чизе, ки куваат медихад:
Оби лимуну сумоку тамри хиидию бихист.
М. Хочиматов.