ТАБАРИ Абучаъфар Мухаммад ибни Чарир ибни Язид (838 ё 839, шахри Омули Табаристон —923, Багдод), муаррих ва факехи араби- забони форс-точик. Баъди тахсил ба шахрхои Рай, Багдод, Басра, Куфа инчунин ба Сурия ва Миср мусофират намуд. Пас аз сафари тулони у то охири умр дар шахри Багдод зиста, оид ба таърих ва илохиёт асархои илми эчод кард. Асари ба таърихи умумичахони оиди у «Таърих-ар-русул ва ал-мулук» («Таърихи пайгамбарон ва шохон»; нигаред Таърихи Табари) бисёр масъалахои мухими таърихи Хилофати арабро дар бар мегирад ва дорои чанбаи таърихи умумичахонист. Табари инчунин муаллифи асари бисёрчилдаи «Китобу чомеъ-ул-баён фи тафсир-ул «Куръон» («Китоби мачмуи баён дар тафсири Куръон») мобошад. Табаридар Багдод мактаби мустакили факехони чаририёнро ташкил кард. У инчунин оид ба шеър, сарфу нахв, риёзиёт ва тиб тадкикот бурдааст. А. Чалилов.