Маълумоти охирин
Главная / Илм / Сайёраи УРАН

Сайёраи УРАН

УРАН (юнони uranos — оcмон, худои осмон), сайёраи хафтум (аз руи масофа то Офтоб) ва калонтарини системаи Офтоб; аломати астрономиаш … ё … Соли 1781 Уранро В. Гершел кашф намудааст. Дар гирди Офтоб аз руи мадори даврашакл харакат мекуяад. Масофаи он то Офтоб ба хисоби миёна ба 2871 млн км баробар аст. Экссентриситети мадор 0,047.

uran-s
Мадори Уран ба хамвории эклиптики ба андозаи 0,77° моил буда, даври гардиши пурраи Уран дар атрофи Офтоб ба 84,015 сол ва дар атрофи мехвараш ба 10,8 соат баробар мебошад. Диаметри экватории Уран ба 50 700 км (ё ба 3,98 диаметри Замин) баробар аст. Хачми Уран аз хачми замин 61 маротиба зиёд буда массааш 1456 хиссаи массаи Заминро ташкил медихад; зичии он 1,32 г/ом3 аст. Шитоби кувваи вазнини дар экватори Уран 1,4 м/сон3 буда аз хисоби шитоби марказгурез ба 0,6 м/сон2 кам мешавад. Кобилияти инъикоскунандагии Уран нисоат ба дигар сайёрахо хело зиёд мебошад. Албедои сферавии Уран ба 0,93, албедои геометриаш ба 0,57 баробар аст. Уран гармиафкании Офтобро бисёр инъикос мекунад, аз хамин сабаб, харорат дар сатхи Уран шояд аз 90 К (-Ч8(ГС) хам пасттар бошад; инро тавассути ченкунихои сохаи инфрасурхи спектр собит намудаанд. Харорати сатхи Уран ба хисоби миёна ба 55±3 К баробар мебошад. Тадкикоти назариявии сохти дохилии Уран нишон дод, ки кабати гази болои аз Н2, Не, СН4 иборат буда, массаи умумии он ~ 10% массаи сайёраро ташкид медихад; гафсии кабат ба 27% радиуси Уран баробар аст. Поёнтар аз кабати газ ядрои моеъ чойгир шудааст, ки он асосан аз об иборат мебошад. Уран 5 радиф дорад, ки онхо дар хамвории экватори мувофики самти харакати сайёра давр мезананд. Радифони дуртарин ва муниртарини Уран Титан ва Оберонро В. Гершел соли 1787, радифхои тиратар Ариель ва Умбриэлро У. Лассел соли 1851 ва радифи наздиктарини он Мирандаро астрономи америкой Ч. Койпер соли 1948 (бо усули суратгири) кашф кардаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …