Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри СУЗДАЛ

Шахри СУЗДАЛ

suzdal

СУЗДАЛ, шахрест дар вилояти Владимири РСФСР, яке аз кадимтарин шахрхон рус, ки дар он ёдгорихои меъмории сершуморе махфузанд. Нахустин бор соли 1024 ном бурда шудааст. Дар нимаи якуми асри 12, дар ахди Юрий Долгорунии, Суздал маркази князии Ростову Суздал буда, баъд ба хайати князии Владимиру Суздал дохил шудааст. Аз ачри 13 пойтахти мустакил князии Суздал. Соли 1238 аз тарафи истилогарони мугулу тотор оташ зада шуд. Нимаи якуми асри 14 пойтахти князии Суздалу Нижний Новгород буд, соли 1392 ба хайати князии кабири Москва даромада ва дар асри 15 ба хайати он катъиян дохил карда шуд. Суздал ахамияти сиёсии худро гум карда, яке аз марказхои динии Рус гардид. То худи асри 19 епархия дар Суздал буд. Дар давраи интервенсияи Полшаю Литва (аввали асри 17) Суздалбисёр хароб шуд. Аз миёнаи асри 17 давраи вусъати тичоратию иктисодии Суздал дар мешавад. Аз соли 1796 маркази уезди губернияи Владимир. Дар Суздал ёдгорихои меъмории асри 13—17 боки мондаанд. 20 августи 1974 Суздал ба муносибати 950 солагиаш бо ордени «Нишонн фахри» мукофотонида шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …