Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Патна

Шахри Патна

Патна, шахрест дар Хиндустони Шимоли, дар сохили рости дарёи Ганг. Маркази маъмурии штати Бидор. Ахолиаш 490,3 хазор нафар (1971). Узели калони наклиёт ва маркази савдои махсулоти хочагии кишлок дар водии Ганги Миёна. Саноати матоъхои пахтагин ва хуроквори, коркарди металл, колинбофи, истехсоли зарбофт ва мебел ривоч ёфтааст. Университет (1917), китобхонаи дастнависхои нодири Шарк хаст.

Патна (номи кадимааш Паталипутра) дар миёнахои асри 5 то милод дар ахди шох Ачаташатру бунёд гардид. Де­ре нагузашта ба маркази калони савдою хунарманди ва маданияти Хиндустони Шимоли табдил ёфт. Дар ахди сулолахои Нандиён, Мавриён, Шунгиён, Канвиён ва Гуптхо пойтахти давлат буд. Асрхои 5—6 Паталипутра ру ба таназзул ниход. Дар асрхои миёна ба чои он шахри Патна бунёд шуд. Асрхои 17—19 аз нав маркази савдою хунарманди гардид. Бозёфтхои археологи аз тамаддуни кадимии Патна шаходат медиханд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …