Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Насаф

Шахри Насаф

Нахшаб, яке аз шахр — вилоятхои кадимаи водии Кашкадарёст. Дар сарчашмахои хитоии асрхои 5—8 бо номи Нашэбо маълум аст. Баъди аз тарафи арабхо истило шудани Мовароуннахр бештар бо номи Насаф машхур гашт. Насаф то истилои арабхо ба хайати давлати Сугд дохил буд. Дар вилоят аз сабаби камоби бештар лалмикори равнак дошт. Шахрхои асосиаш Насаф, Касба ва Базда ба шумор мерафтанд. Насаф маркази вилоят хисоб ёфта, дорои касри шох, масчиди чомеъ ва бозорхо буд. Катъи назар аз камии об дар атрофи шахр дехахои зиёде вокеъ гашта буданд. Дар асри 14 Кибекхони чагатои (хукмронии 1318—26) 2 фарсанг дуртар аз Насаф касре бунёд намуда, ба он «Карши» (ба забони мугули — «Каср”) ном гузошт. Дертар Н. Карши ном гирифт. Чои димнаи Н.-ро Л. А. Зимин дар Шуллуктеппа (17 киллометр шимоли гарбтари шахри Каршии хозира) ва С. К. Кабанов дар Еркургон (10 киллометр шимоли гарбтари Карши) тахмин кардаанд. Нигаред низ Карши.

Адабиёт: Зимин Л. А., Нахшаб, Насаф, Карши. Их история и древности, дар мачмуа: В. В. Бартольд, Туркестанские друзья, ученики и почитатели, Таш­кент, 1927.А. Чалилов.

 

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …