Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / СЪЕЗДХОИ УМУМИРОССИЯГИИ СОВЕТХО

СЪЕЗДХОИ УМУМИРОССИЯГИИ СОВЕТХО

first_congress_of_soviets_of_russia_1917

СЪЕЗДХОИ УМУМИРОССИЯГИИ СОВЕТХО, Съезди 1-у м 16 июн —7 июли 1917 дар Петроград барпо гардид. Дар съезд 1090 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Демократияи революциони ва хукумат; муносибат ба чанг; Масъалахои мудофиа ва мубориза барои сулх; Тайёри ба мачлиси муассисон; Масъалаи милли дар Россия; Масъалаи замин ва масъалаи хаёти дехконон ва коргарону солдатхо; Ташкили истехсолот, таксими наклиёт ва назорат бар онхо; Масъалаи озука; Масъалахои сиёсати молияви; Худидоракунии махалли; Масъалахои ташкили ва интихобот.

Болшевикон дар бораи муносибат ба Хукумати муваккати лоихаи карор пешниход карданд. Дар онгуфта мешуд, ки сиёсати созишкори бо капиталистон пурра барбод рафт ва ягона рохи халоси ба дасти Совети умумироссиягии депутатхои коргарон, солдатхо ва дехконон гузаштани хокимияти давлати мебошад. Лоихаи карори социал-демюкратхои интернационал, ки А. В. Луначарскийпешниход карда буд, ба лоихаи болшевикон наздики дошт. Аксарияти эсари — меншевикии съезд хар ду лоихаро рад намуда, лоихаи карори меншевик Ф. И. Данро, ки ба тарафдори кардани Хукумати муваккати даъват мекард, кабул намуд. Болшевикон лоихахои карорро дар бораи муносибат ба чанг (Б. А. Преображенский хонд) ва масъалаи сулх (С. Г. Шаумян хонд) пешниход карданд. Съезд хар ду лоихаро рад кард ва карори эсерону меншевиконро кабул намуд. Доир ба хамаи масъалахои дигар низ съезд карорхои эсерону меншевиконро кабул кард. Съезд Комитети Ичроияи Марказии Умумироссиягиро (хайати КИМУ иборат аз 320 нафар) интихоб намуд.

Съезди 2-юм (Сьезди 2-юми Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо) 25—27 октябр (7—9 ноябр) 1917 дар Омолный, дар Петроград баргузор гардид ва роли умумичахони-таърихи бозида, давраи революсияи социалистиро огоз намуд. Ба иродаи аксарияти бузурги коргарон, солдатхо ва дехконон, инчунин ба шуриши зафаровари коргарону гарнизони Петроград такя карда, съезд дар Россия хокимиятро ба дасти худ гирифт. Барои идора кардани мамлакат съезд бо сардории В. И. Ленин Хукумати Советии коргарону дехкононро ташкил кард. Совети хокимиятро дар махалхо ба Советхои депутатхои коргарон, солдатхо ва дехконон дод. Совети Декрети сулх, Декрети замин ва дигар карору мурочиатномахоро кабул намуд.

Съезд 25 октябр (7 ноябр) соати 10-у 40 дакикаи бегох дар байни авчи шуриши мусаллахи Октябр, ки дар он бисёр вакилони махалхо иштирок  намуданд, кушода шуд.

Дар охири съезд 625 вакил буд, ки аз онхо: 390 нафар болшевик, 179 нафар эсери чап, 35 нафар интернационалисти муттахид, 21 нафар социалисти украин буданд.

Мачлиси якум аз музокира доир ба масъалаи ваколаддории съезд огоз ёфт. Меншевикон ва эсерхои рост, букидчиён ва дигарон «ба мукобили суикасди харби ва бо зури кашида гирифтани хокимият» бо баённомаи эътирози баромад карда, съездро тарк намуданд. Соати 2-ю 40 дакикаи шаб танаффус эълон карда шуд. Соати 3-ю 10 дакикаи сахар мачлис корашро давом дод. Сьезд хабари гирифта шудани Касри зимистони ва хабс кардани аъзоёни Хукумати муваккатиро бо чапакзании пурмавч пешвоз гирифт. Съезд масъалаи хокимиятро мухокима карда, соати 5-и сахар мурочиатнома «Ба коргарон, солдатхо ва дехконон»-и В. И. Ленин навиштаро, ки А. В. Луначарский хонд, кабул кард. Дар он гуфта мешуд, ки Съезд хокимиятро ба дасти худ мегирад, дар махалхо бошад, тамоми Хокимият ба Советхои депутатхои коргарон, солдатхо ва дехконон мегузарад, ки онхо низ бояд тартиботи хакикии революциониро таъмин кунанд. Эсерхои чап мурочиатномаро тарафдори намуданд. Мачлиси якум соати 5-у 15 дакикаи сахар ба охир расид. Мачлиси дуюм соати 9-и бегохии 26 октябр сар шуд. Аз руидумасъалаи асосии рузномаи мачлис — дар бораи сулх ва дар бораи замин — В. И. Ленин баромад кард. У Декрети сулхро, ки худаш навишта буд, хонда дод. Декретро съезд бо як овоз кабул кард (кариби соати 11-и шаби 26 октябр) Декрети заминро, ки В. И. Ленин навишта дар съезд хонда буд, кабул кард. Доир ба масъалаи ташкили Хукумати Совети фракцияи болшевикон таклиф пешниход намуд. Меншевикон-интернационалистон, эсерхои чап, вакили Комичроияи умумироссиягии иттифокхои касабаи рохи охан (Викжел) ба ин таклиф мукобил баромада, талаб карданд, ки хукумат аз эсерхо, меншевикон ва болшевикон ташкил карда шавад. Совет бо аксарияти мутлаки овозхо соати 4-и сахар карори дар бораи ташкили хукумат пешниход кардаи болшевиковро кабул кард. Съезд хайати нави КИМУ ро аз 101 кас интихоб намуд, ки дар хайати он 62 болшавик, 29 асери чап ва дигарон буданд. Идора кардани мамлакатро Совет ба Совети Камиссарони Халк (ОКХ) супурд, ки дар хайати он танхо болшевикон буданд, зеро эсерхои чап ба хайати он дохил шудан нахостанд. Раиси СКХ В. И. Ленин интихоб шуд.

Съезди 3-юм 23—34 январи 1918 дар касри Тавричесмии Петроград барпо гардгид. Дар он 942 вакил бо овози халкунанда ва 104 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. 26 январ съезд бо Съезди 3-юми Умумироссиягии Советхои депутатхои дехконон муттахид гардид. 29 январ вакилони полки 46 казакхо, ки бар зидди генерал А. М. Каленин шуриш бардошта буданд, омаданд. Дар съезд 233 вакили мехнаткашони Украина, Белоруссия, Осиёи Миёна ва Наздибалтика иштирок карданд. Дар охири кори съезд 1647 вакил бо овози халкунанда (аз он чумла зиёда аз 860 болшевик) ва 219 вакил бо овози машварати буд. Рузномаи съезд: Хисоботхои КИМУ ва СКХ; Тасдик кардани Декларацияи хукукхои мехнаткашон ва халки мазлум; Дар бораи муассисахои федералии Республикаи Россия; Дар бораи чанг ва сулх; Тасдик намудани конун дар бораи милликунонии замин; интихоби КИМУ.

Съезд Россияро Республикаи Советии Федеративии Социалистии Россия (РСФСР) эълон кард. Съезд КИМУ-ро вазифадор намуд, ки коидахои асосии конституцияи РСФСР- ро тартиб дихад. 31 январ съезд асосхои конуни милликунонии заминро тасдик кард. Съезд пароканда кардани Мачлиси муассисонро маъкул донист ва номи нави Хукумати Совети «Хукумати коргарону дехконони Республикаи Советии Россия»-ро тасдик намуд. Съезд хайати КИМУ-ро иборат аз 322 нафар интихоб кард.

Съезди 4-ум (Сьездн 4-уми фавкулода) 14—46 марти 1918 дар Москва барпо гардид. 1232 вакил бо овози халкунанда иштирок дошт. Рузномаи съезд: Тасдик намудани Шартномаи сулхи Брест: Кучонидани пойтахт; Интихоби КИМУ. Баъд аз ахбороти Г. В. Чичерия дар бораи шартномаи сулх бо Германия, ки 3 март дар Брест — Литовск имзо шуда буд, В. И. Ленин маъруза карда, зарурати тасдики Сулхи Брестро хамчун воситаи ягонаи ба даст овардани дамгирии осоиша барои нигох доштан ва мустахкам намудани музаффариятхои Революсияи Октябр асоснок кард. Съезд Шартномаи сулхи Брестро тасдик намуда, чунин заруратро эътироф кард, ки «тамоми кувва барои афзун гардондани кобилияти мудофиавии мамлакат чалб карда шавад» ва Хокгамияти Совети ба харакати байналхалкии социалисти ёри расонад. Съезд карори КИМУ-ро дар бораи кучонидани пойтахти Реслубликаи Совети аз Петроград ба Москва, ки охири феврали 1916 кабул шуда буд, тасдик намуд. Сьезд хайати КИМУ-ро иборат аз 207 нафаринтихоб кард.

Съезди 5-ум 4—10 июли 1918 дар Москва, дар хангоми огози интервенцияи ошкори харбии империалистон ва Чанги граждани (1918 —20) барпо гардид. Дар съезд 1164 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Хисоботхои КИМУ ва СКХ; Масъалаи озукавори; ташкил намудани Армияи Сурх; Конститусияи Республикаи России; Интихоби КИМУ.

Съезд доир ба масъалаи озукавори карор кабул кард, сиёсати озукавории КИМУ ва ОКХ, декретхои онхоро дар бораи ба комиссари халкии озука додани ваколати фавкулода дар мубориза бар зидди буржуазияи дехот, ки галларо пинхон намуда ханноти мекард, дар бораи ташкили комитети камбагалони дехот ва таъсиси отрядхои озука маъкул донист. 10 июл дар бораи Армияи Сурх карор кабул карда шуд. Вазифа гузошта шуд, ки аз хисоби коргарону дехконон тайёр намудани командиронро тезонида, сафи комиссарони харби мустахкам карда шавад. Дар бораи дар мухлати кутох ба армия сафарбар намудани коргарону дехконони мехнаткаши синну солашон гуногун директива кабул гардид. 10 июли 1918съезд Конститусияи РСФСР — якумин конститусияи Давлати Советиро кабул кард. Съезд КИМУ-ро дар хайати 200 нафаринтихоб намуд.

Съезди шашум (Съеади 6-уми фавкулода) 6—9 ноябр 1916 дар Москва барпо гардид. Дар съезд 1296 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Солонаи революсия; Вазъияти байналхалки; Вазъияти харби; Сохтмонн Хокимияти Совети дар марказ, комитетхои камбагалон ва Советхо дар махалхо; Риояи конунияти социалисти; Интихоби КИМУ. Дар маърузахои В. И. Ленин натичахои асосии соли якуми Хокимияти Совети чамъбаст ва программаи фаъолияти Хукумати Совети дарсохаи сиёсати дохили ва беруни муайян карда шуда буд. Съезд ба хукуматхои ШМА, Англия, Франция ва Япония, ки бар зидди Роосия мечангиданд, мурочиат намуда, сар кардани гуфтушунид оид ба сулхро пешниход кард. Ба муносибати мустахкам гардидани Хокимияти Совети «Дар бораи авфи умуми» карор кабул кард, ки мувофики он махбусони сиёсии барои Республикаи Совети бехатар озод карда мешуданд. Дар карори «Оид ба сохтмони Хокимияти Совети дар марказ, комитетхои камбагалон ва Советхо дар махалхо» съезд кори комитетхои камбагалонро чамъбаст намуда, онхоро вазифадор кард, ки дар хамаи волостхо ва Советхои кишлок интихоботи нав гузаронанд. Дар карори «Оид ба конунияти революциони» съезд хамаи гражданхои республика, органхои Хокимияти Совети ва шахсони вазифадори аппарати давлатиро даъват намуд, ки конунхои Давлати Советиро катъиян риоя кунанд. Съезд КИМУ-ро дархайати 246 нафар интихоб намуд.

Съезди 7-ум 5—9 декабри 1919 дар Москва барпо гардид. Дар он 1011 вакил бо овози халкунанда, 655 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Ба иштироки намояндагони партияхои майдабуржуази дар съезд бо карорн КИМУ аз 27 ноябри 1919 ичозат дода шуд. Дар кори съезд вакилони Украинаи Совети, РАСС Туркистон ва РАСС Бошкирдистон иштирок карданд. Рузномаи съезд:            Хисоботи КИМУ ва ОКХ;Вазъияти харби; Дар бораи Интернационали Коммунисти; Вазъияти озука; Масъалаи сузишвори; Сохтмони совети дар марказ ва махалхо; Интихоби КИМУ.

В. И. Ленин дар маърузаи хисоботи вазъияти байналхалки ва дохилии Мамлакати Советиро тахлил карда, ба галабахои катъии Армияи Сурх дар фронтхои Чанги граждани бахои балад дода, кайд намуд, ки диккати асоси ба масъалахои сохтмоии хочаги ва идоракунин давлати чалб карда шавад. Съезд сиёсати дохили ва берунии ХукуматиСоветиро маъкул донист. Масъалаи сохтмони совети, шаклхои муносибатхои органхои маркази ва махалли Хокимияти Совети, яке аз масъалахои мухимтарин рузнома гардид. «Дар бораи сохтмони совети» карор кабул карда шуд, ки дар он беш ба пеш мустахкам намудани аппарати давлати иешбили карда шуда, роххои иыкишофи демократмяи совети, вазифахои органхои Хокимияти Совети дар марказ ва махалхо нишон дрда мешуд. Мухокимаи муфассали маърузахои оид ба (масъалахои сохтмони совети, вазъияти озука ва сузитиворй ба секцияхои дахлдор супурда шуд. Ин секцияхо «Дар бораи ташкили кори озука дар РСФСР», «Дар бораи ташкили кори сузишвори дар РСФСР» резолюцияхо тайёр карданд, ки онхоро съезд тасдик намуд. Бо таклифи В. И. Ленин резолюцияе кабул карда шуд, ки он ба мамлакатхои Антанта, ШМА, Италия ва Япония пешниход мекард бо Россияи Совети дар бораи сулх гуфтушунид сар кунанд. Съезд таъсиси Интернационали 3-юмро табрик намуд. Съезд КИМУ-ро дар хайати 269 нафар интихоб намуд.

Съезди 8-ум 22—29 декабри 1920 дар Москва барпо гардид. Дар он 2537 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Маърузаи КИМУ ва СЖХ доир ба сиёсати беруни ва дохили; Дар бораи вазъияти саноат ва чорахои баркарор намудани он; Дар бораи электрификация; Дар бораи наклиёт; Дар бораи тараккиёти истехсолоти хочагии кишлок ва ёри ба хочагии дехконон; Дар бораи бехтар кардани фаъолияти органхои совети дар марказ ва махал ва мубориза бо бюрократизм; Интихоби КИМУ. Масъалахои асосии рузнома пешаки дар мачлисхои фракцияи РКП(б) мухокима карда шуда буданд. Бароихаматарафа мухокима намудани масъалахо съеэд се секция ташкил кард: секцияхои саноат, хочагин кишлок ва сохтмони совети. Кори съезд бо рохбарии бевоситаи В. И. Ленин мегузашт. Масъалахои баркароркуни ва тараккиёти хочагии халкро мухокима карда, вакилон як катор карорхое кабул намуданд, ки ба муборизаи зидди харобии хочаги равона шуда буданд, мухокима ва тасдики плани электрификацияи Россия — ГОЭЛРО, ки бо ташаббус ва нишондодхои Ленин тартиб дода шуда буд, яке аз масъалахои асосии съезд карор гирифт. Ин плани перспективии хочагии халки Давлати Советиро Ленин «программаи дуюми партия» номида буд. Резолюцияи аз руи маърузаи Кржижановский кабулшударо Ленин навишта буд. Съезд Низомномаи нави доир ба Совети мехнат ва мудофиа, шартномаи иттифокии коргарию дехконии байни РСФСР ва РССУ-ротасдик (ратификация) намуд ва доир ба кам кардани шумораи Армияи Сурх карор кабул кард. Съезд КИМУ-ро дар хайати 400 нафар итихоб намуд. Съезд ордени Байраки Сурхи Мехнатро таъсис кард.

Съезди 9-ум 23—28 декабри 1921 дар Москва барпо гардид. Дар он 1991 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Хисоботи КИМУ ва СКХ дар бораи сиёсати дохили ва берунии республика; Маъруза дар бораи ёрдам ба гуруснагон; Маъруза дар бораи натичахои пешакии сиёсати нави иктисоди; Маъруза дар бораи вазъияти саноат; Маъруза дар бораи баркарор намудани хочагии кишлок; Маъруза дар бораи кооперация; Маъруза дар бораи молия ва бучет; Маъруза дар бораи ташкили Армияи Сурх; Маъруза дар бораи сохтмони совети; Интихоби КИМУ. Бо таклифи ОКХ съезд декрети Совети Комиссарони Халкро дар бораи электрикони дида баромад. Съезд маърузаи Ленинро шунида, сиёсати дохили ва берунии ХукуматиСоветиро маъкул донист. Съезд 10 мохи аввали сиёсати нави иктисодиро (соли 1921) чамъбаст намуд ва таракки додани хочагии кишлокро вазифаи аввалиндарача дошт; чорахои афзун гардондани махсулнокии хочагии кишлок, ташкили кредити дарозмуддати хочагии кишлок, вусъат додани муомилоти мол ва гайраро муайян намуд ва ба чамъиятхои заминдорон хукук дод, ки шакли дилхохи истифодабарии заминро (кооперативи, чамоави, хутори ва гайраро) озодона интихоб намоянд. Вакилони съезд директивахои баркароркунии саноати ангишт, нефт ва металлурги, истехсоли чизхои сермасрафро маъкул ёфтанд. 28 декабр съезд декрети СКХ-ро «Дар бораи электрикони» тасдик кард. Худи хамон руз «Наказ дарбораи кори хочаги» (онро Ленин мураттаб сохта буд) кабул карда шуд, ки он усулхои нави рохбарии хочагиро дар шароити сйёсати нави иктисоди чамъбаст кард. Съезд КИМУ-ро дар хайати 513 нафар интихоб намуд.

Съезди 10-у м 23—27 декабри 1922 дар Москва барпо гардид. Аз РСФСР 1727 вакил ва 488 нафар мехмонони фахри аз РССУ, РССБ ва Республикаи Советии Федеративии Социалистии Закавказия (РСФСР), вакилони Съезди 1-уми Советхои СССР иштирок доштанд. Рузномаи съезд. Хисоботи КИМУ ва СКХ дар бораи сиёсати дохили ва берунии реслублика: Маъруза дар бораи вазъияти саноати давлати; Маърузахои Комиссариати халкии зироат; Комиссариати халкии маориф; Комиссариати халкии молия; Пешниходи республикахои совети дар бораи ташкил намудани Иттифоки Республикахои Социалисти; Интихоби КИМУ.

Съезд сиёсати дохили ва берунии хукумати РСФСР-ро маъкул донист. Съезд шароити нави хаёти хочаги ва иктисодии мамлакатро ба назар гирифта, карор кабул кард, ки дар он ба Иттифоки Реслубикахои Советии Социалисти сари вакт муттакид шудани РСФСР, РССУ, РССБ ва РСФСР айни муддао дониста мешуд. Барои коркарди лоихаи Докларация ва Шартномаи ташкил намудани СССР ба Съезди 1-уми Советхои СССР хайати вакилон интихоб карда шуд. Съезд дар бораи вазъияти саноат, чорахои мустахкам кардан ва таракки додани хочагии кишлок, ташкил намудани нахустин намоишгохи хочагии кишлок карор кабул кард. Аввалин бор Дар Съезди Умумироссиягии Советхо программаи васеи маорифи халк кабул карда шуд.Сьезд ба хамаи халкхои чахон мурочиат намуда, пойдории сиёсати сулхчуёнаи Хокимияти Советиро тасдик кард ва зарурати ярокпартоиро ншпон дод. Съёзд КИМУ- ро дар хайати 388 нафар интихоб намуд.

Съезди 11-ум 9—29 январи 1924 дар Москва барпо гардид. Дар он 1637 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Маърузаи Комиcсариати халкии зироат; Маъруpа оид ба масъалахои мухофизати мехнат ва маош; Маъруpаи Комиссариати халкии молия дар бораи бючети РСФСР; Маъруза дар бораи Конституцияи Иттифоки; Маъруза дар бораи интихоби аъзоёни КИМУ. Дар маърузаи Комиссариати халкии зироат фаъолияти Хукумати Совети дар сохаи сиёсати хочагии кишлок тахлил карда шуд. Съезд аз руи маърузаи Комиссариати халкии мехнат (21 январ) устувории вайроннашавандаи рузи кори 8-соата, мухофизати хаматарафаи мехнати занону кудакон ва гайраро тасдик намуд. Дар бораи зарурати пайваста баланд бардоштани музди кор мутобики болоравии саноат ва хосилнокии мехнат карор кабул карда шуд. 22 январ М. И. Калинин дар бораи вафоти В. И. Ленин ахборот дод. Съезд карор кабул намуд, ки рузи 21 январ рузи мотам эълон карда шавад. Съезд бо мурочиатномаи «Ва хамаи мехнаткашон» ба омма ру овард, ки он ба ягонагию муттахиди даъват мекард. Мачлиси съезд ба муддати як хафта катъ карда шуд. 29 январ съезд Конституцияи СССР-ро маъкул донист. Съезд КИМУ-ро дар хайати 466 нафар интихоб намуд.

Съезди 12-ум 7—16 майи 1926 дар Москва барпо гардшд. Дар он 1634 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Маърузаи Комиссариати халкии нигохдории тандурусти; Маърузаи Комиссариати халкии молия; Маърузаи Комиссариати халкии зироат; Маъруза дар бораитагйир додани матни Коиституцияи РСФСР; Маъруза дар бораи аз хайати РСФСР баромадаии РАСС Туркистон ва барпо гардидани республикахои иттифокии Туркманистон ва Узбекистон; Интихоби КИМУ. Съезд сиёсати дохили ва берунии хукумати РСФСР-ро маъкул донист; комёбихои саноат ва хочагии кишлокро кайд карда, чорахои боз хам инкишоф додани хочагиихалкро андешид (40 фоиз кам кардани андози хочагиихалква гайра), дар бораи зиёд кардани маблаггузории давлати оид ба бехтар намудани корхои тибби — санитари дар республика ва вилоятхои милли, дар бораи тарбия карда ба воя расонидани кадрхои миллии сохаи тиб карор кабул кард. Съезд карори Сессияи 2-юми КИМУ (даъвати 11; аз 14 октябр 1924)-ро дар бораи ба халкхои сокини Туркистои— точикон, узбекхо, туркманхо, киргизхо додани хукуки аз хайати РАСС Туркистон баромадан ва аз руи нишонахои милли ташкил намудани республикахои нави советии социалисти ва вилолтхо маъкул донист. Съезд Конституцияи нави РСФСР-ро тасдик кард.

Съезди 13-ум 10—16 апрел 1927 дар Москва барпо гардид. Дар он 1603 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд; Хисоботи хукумати РСФСР; Маърузаи Совети олии хочагии халки (СОХХ) РСФСР дар бораи бучети давлати ва махалли; Маърузаи Комиссариати халкии савдои РСФСР дар бораи савдои дохилию берунии РСФСР ва пасткунии нарх; Маъруза дар бораи тагйир додани моддахои 37—38 ва 48-уми Конституцияи РСФСР. Маъруза дар бораи табдил додани Вилояти Автономии Карокиргизистон ба Республикаи Автономии Киргизистон; Интихоби КИМУ ва аъзоёни Совети Миллатхо аз РСФСР. Съезд фаъолияти хукумати РСФСР-ро дар сохаи сиёсати дохили ва беруни якдилона маъкул донист. Съезд дар бораи боз хам вусъат додани азнавсозии саноат карор кабул кард; хукуматро вазифадор намуд, ки дар бораи таракки додани хочагиихалк чорахо андешад. Съезд сиёсати молиявии хукуматро маъкул донист. Съезд бо акти махсус карори Сессияи 3-юм (даъвати 12-ум)-и КИМУ-ро дар бораи ба РАСС Киргизистон табдил додани Вилояти Автономии Карокиргизистонрр тасдик намуд. Съезд КИМУ-ро дар хайати 550 нафар ва инчунин ба Советхои Миллатхои КИМ-и СССР аз РСФСР 5 аъзо ва 2 номзад ба аъзои интихоб намуд.

Съезди  14-ум 10—48 майи 1929 дар Москва барпо гардид. Дар он 1158 вакил бо овози халкунанда ва 626 вакил бо овози машварать иштирок доштанд. Рузномаи съезд: Маърузаи хукумати РСФСР; Плани панчсолаи тараккиёти хочагии халки Республика; Масъалахои чориисохтмонимадани; Вазъият ва мустахкамкунии муассисахои поёнии Советхо; Тагйирот ва илова дар Конституцияи РСФСР; Интихоби КИМУ. Съезд фаъолияти хукумати РСФСР-ро маъкул донист; плани панчсолаи1-уми тараккиёти хочагии халки РСФСР-ро (1929—32) кабул кард. Съезд ба индустрония босуръати мамлакат бахои мусбат дода хукуматро вазифадор кард, ки кори азнавсозии социалистии хочагиихалкро пурзур намояд. Съезд КИМУ-ро вазифадор намуд, ки бо максади васеъ кардани хукукхон Советхои кишлок дар корхои ташкили, оммави, хочаги ва мадани, инчунин дар таъмини эхтиёчоти харрузаи дехконон Низомномаи оид ба Советхои кишлокро аз нав дида барояд. Ба КИМУ супориш дод, ки барои муборизаи зидди вайронкунихои конунияти революциони, пешгири кардани амалиёти террористии кулакхо ва гайра чорахо андешад. Съезд ба муносибати ба анчом расидани ба районхо чудокуни, чори кардани таксимоти нави маъмурию территорияви ва васеъ намудани хукукхои Советхои махалли ба баъзе моддахои Конституцияи РСФСР илова ва тагйирот дохил кард. Съезд КИМУ-ро дар хайати 550 нафар интихоб намуд.

Съезди 15-ум 26 феврал—5 марти 1931 дар Москва барпо гардид. Дар он 1134 вакил бо овози халкунанда ва 538 вакил бо овози машварати иштирок доштанд. Рузномаи съезд: Хисоботи хукумати РСФСР; Оид ба тагйиротхо дар Конституцияи  РСФСР; Дар бораи таълими умуми ва политехникунонии хамаи мактабхо; Маърузаи Центросоюз дар бораи вазъият ва вазифахои кооперацияи матлубот; Маърузаи комиссияи мандатии съезд; Интихоби аъзоёни КИМУ ва аъзоёни Совети Миллатхои КИМ-и СССР аз РСФСР. Съезд ду соли аввали панчсоларо чамъбаст кард. Дар Карори оид ба маърузаи Комиссариати маорифи халки РСФСР гуфта мешуд, ки хамаи ташкилотхои совети ва хочаги муборизаро барои таълими умумии хатмии ибтидои, политехникии мактабхо ва пурра махв кардани бесаводи вазифаи мухимтарини Хокимияти Совети шуморанд. Съезд КИМУ-ро дар хайати 400 нафар интихоб намуд. Ба Совети Миллатхои КИМ-и СССР аз РСФСР 5 нафар интихоб шуд.

Съезди 16-у м 15—23 январи 1935 дар Москва барпо гардид. Дар съезд 1748 вакил иштирок дошт. Рузномаи съезд: Маърузаи хисоботии хукумати РСФСР; Дар бораи вазъият ва тараккиёти хочагии коммуналии РСФСР; Дар бораи кор ва масъалахои сохаи нигахдории тандурустии халк; Маърузаи КИМ-и РАСС Тотористон дар бораи сохтмони совхози, хочагию мадави; Дар бораи тагйироти конституцияи РСФСР; Интихоби КИМУ ва аъзоёни Совети Миллатхои КИМ-и СССР аз РСФСР. Съезд фаъолияти СКХ-и РСФСР-ро маъкул дониста, пеш аа мухлат ичро карда шудани плани панчсолаи 1-ум (1929—32) ва бомуваффакият ба анчом расонидани плани ду соли аввали панчсолаи 2-юмро кайд кард. Съезд хукуматро ухдадор намуд, ки барои тараккии босуръати сохахои саноати махалли ва кооперацияи саноат шароит фарохам оварад. Съезд дар сохаи хочагии кишлок вазифа гузошт, ки МТС-схо хамаи колхозхоро фаро гиранд, саросар коллективона дар тамоми хоки РСФСР ба охир расонида шавад. Дар бораи тайёр кардани кадрхои тибва бехтар намудани кори нигахдории тандурустии дехот карор кабул карда шуд. Оид ба маърузаи КИМ-и РАСС Тотористон съезд ба хукумати РСФСР ва РАСС Тотористон таклиф кард, ки тараккии минбаъдан хочаги ва мадании республикаро таъмин кунанд. Карори КИМУ-ро дар бораи ба республикахои автономии советии социалисти табдил додани вилоятхои автономии Карокалпокистон, Мордва ва Удмуртия тасдик кард. Съезд КИМ- ро дар хайати 401 нафар интихоб намуд. Ба Совети Миллатхои КИМ-иСССР аз РСФСР 5 нафар вакил интихоб шуд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …