СУЗИШВОРИИ РАКЕТИ, модда ё мачмуи моддахост, ки дар мухаррики ракети (ФЖР) чун манбаи энергия ва ашёи кори барои хосил кардани кувваи харакатдиханда истифода мегардад. Сузишвории ракети ду хел мешавад: химияви (энергияи зарури дар натичаи реаксихои химияви хосил мешавад) ва гайрихимияви (электри табдилоти дохилиядрои ё энергияи электри ба моддахои махсус — чисми кори ё манбаи он дода мешавад). Аксари МР-и хозира бо Сузишвории ракетии химияви кор мекунанд. Маъмулан Сузишвории ракетии химиявии моеъ ва сахтро истифода мебаранд. Хамаи компоненгхои Сузишвории ракетии моеъ дар шароити истифода аз хам чудо буда, ба камераи сузиши МР бо насосхо ё гази фишурда алохида-алохида ронда мешаванд. Оксидкунанда ва сузишвории моеъ ба хам расида, ба реакция дохил мешаванд ва омехтаи зудафрузанда хосил мекунанд. Техникаи ракетии кайхони ба истифодаи Сузишвории ракетии моеъ, ки хеле пурсамар аст, асос меёбад. Сузишвории ракетисахт аз омехтаи якчинсаи компонентхо иборат аст. Импулси хоси Сузишвории ракетии сахт назар ба импулси хося Сузишвории ракетии моеъ камтар мебошад. Дар Сузишвории ракетии гибриди компонентхо дар холатхои гуногуни агрегати вокеанд (масалан, оксидкунандаи моеъ сузишвории сахт, оксидкунандаи сахт сузишвории моеъ). Ба Сузишвории ракетии гайрихимияви сузишвории ядрои ва сузишвории электри мансубанд.