Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРОИ МАКТАБИ ОЛИ ВА МУАССИСАИ ИЛМИ

ШУРОИ МАКТАБИ ОЛИ ВА МУАССИСАИ ИЛМИ

СОВЕТИ МАКТАБИ ОЛИ ВА МУАССИСАИ  ИЛМИ, совети илми дар СССР, органи машварати дар назди ректор (декан), дпректор, ки чихатхои асосии корхои тадкикоти илми, методи ва таълимию тарбиявиро мебинад ва мутобики хам мегардонад.

Совети мактаби оли (факултет) план ва программахои таълими, корхои тадкикоти илми ва таълиму тарбияви, баланд бардоштани ихтисоси кормандон, тахия ва нашри адабиёти таълимию методиро ба мухокима мемонад, барои ишголи вазифахои профессорону муаллимон конкурс мегузаронад, деканхо, мудирони кафедрахоро интихоб, муаллимон ва коркунони илмиро ба гирифтани унвони илми пешниход менамояд ва гайра. Дар муассисахои тадкикоти илми советхои илмию техники ташкил меёбанд, ки ба мисли совети мактабхои оли (факултетхо) кор мебаранд.

Совет оид ба додани дарачаи илми органи махсуси аттестатсионист, ки хукук дорад диссертатсияхоро барои химоя кабул кувад. Совети махсус барои химоя аз руи як ё гурухи наздик (ва бештар аз се ихтисос) диссертатсияхо кабул карда метавонад. Советхои махсус оид ба химояи диссертатсияхои доктори дар назди муассисахои тадкикоти илми ва мактабхоп оли мувофикан ба сохаи илм аа тарафи Президиуми Комиссияи аттестатсионии оли ташкил гардида, докторхои илм аъзои он мешаванд (на камтар аз 5 кас оид ба хар ихтисос). Советхои махсуси оид ба химояи диссертатсияхои номзади дар хайати мактабхои оли, муассисахои тадкикоти илми, иттиходияхои илмию истехсоли, ки бо комёбихои илмии худ машхуранд, аз тарафи Коллегияи Комиссияи аттестатсонии оли таъсис карда мешаванд (онд ба хар ихтисос на камтар аз 3 доктори илм ва 3 номзади илм, докторхои илм бояд аз ними аъзои совет кам набошанд). Хайати шахсии советхои махсуси оид ба химояи диссертатсияхо ва доданп дарачахои илми (аа 11 то 25 кас), номгуи нхтисос ва мухлати ваколати онхо (аз 3 то 5 сол) аз тарафи Комиссияи аттестатсионии олии назди Совеи Вазирони СССР (ВАК СССР) бо дархости академияи фанхо, вазоратхо ва идорахои дахлдори болои тасдик карда мешаванд. Дар муассисахои тадкикоти илмии АФ СССР советхоро ВАК-и СССР ва Президиуми АФ СССР ташкил медиханд. Кори советхо аз руи «Дастур оид ба тартиби додани дарачахои илми ва гирифтани унвони илми» (соли 1975) ба тартиб дароварда мешавад. Дар як мачлиси совет як кас диссертацияи доктори ё ду кас диссертацияи номзади химоя карда метавонад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …