Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНАЛИИ ТАБИБИ ХУРОСОНИ

СУЛТОНАЛИИ ТАБИБИ ХУРОСОНИ

СУЛТОНАЛИИ ТАБИБИ ХУРОСОНИ  (соли таваллуд ва вафотномаълум), олим ва табиби точик (асри 16). Дар Хуросону Самарканд тахсил кардааст. Аз асархои Султоналии ТабибиXуросони «Дастур-ул-илоч» (соли 1526—27) маълум мешавад, ки у ба омухтани масъалахои бехдошти хурок, нушокихо, мавриди хоб, сару либос, машгулият ва варзиш, кори чисмони, иклим ва гайра эътибор додааст. Султоналии ТабибиXуросони такрибан 300 сол пеш аз пайдоиши мафхуми микроб хосияти сироятии ваборо ба эътибор гирифта, барои дезинфекция истифода бурдани сиркоро тавсия намудааст. Султоналии ТабибиXуросони дар асархояш оид ба безарар намудани оби нушоки (бо омехтаи пиёзу сирко), сабабхои пайдоишина усулхои пешгириву муоличаи беморихои гуногун, ба дигаршавии мизочу хилтхо ва гайра вобаста будани беморихо маълумоти муфид овардааст. Вай барои осон шудани муолича ва риоя намудани меъёри дорухо синну соли одамро ба 4 давра (кудаки — то синни 15, чавони — то 30—40, миёнасоли то 60 ва пири — баъди 60) таксим намудааст.

Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.