Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛХИ КУЛ

СУЛХИ КУЛ

СУЛХИ КУЛ, ислохоти сиёсии давраи хукмронии Акбар дар Хиндустон. Низоъхои мазхабии шиаю сунни ва мусулмонону хиндуён, ки дар давраи хукмронии Темуриён дар Хиндустон ба вучуд омада буданд, дар ахди Акбар боз хам шиддат гирифтанд. Бо максади муътадил намудани вазъият ва пешгирии инкирози хокимияти Темуриён дар Хиндустон донишмандон ва масъулони дарбор масъалаи ислохотро ба миён гузоштанд. Аз руи тавсияи онон Акбар дар мамлакат ислохоти моли, сиёси ва дини гузаронид, пас аз ин подшохро ба хамаи дин ва маслакхои мамлакати Хиндустон бетараф карор дода, ин корро Сулхи кул эълоя намуданд. Ва ин бетарафи дар айни хол “дини илохи” ном гирифт. Пас аз эълони Сулхи кул давлат ба хамаи диндорон сарфи назар аз мазхабашон муносибати якхела мекардаги шуд. Дар асоси Сулхи кул давлати Темуриён фармон баровард, ки хамаи ахли дин — мусулмонон, хиндуён, яхудиён, масехиён бояд бохам баробар ва дустона зиндаги карда, ба низоъхои мазхаби рох надиханд.      Д. Хушкадамов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.