Маълумоти охирин

СУД

СУД, органи махсуси давлатист барои химоя намудани манфиати синфхои хукмрон (дар замонии сосиализм — манфиати тамоми халк). Эхтиёч ба Суд, органхои идора ва мачбуркуни, алалхусус барои дар асорат нигох доштани оммаи мазлум дар давраи ба синфхои антагонисти таксим шудани чамъият ба вучуд омадааст.

sud

Системаи судии Россияи подшохи асосан он аломатхоеро дошт, ки ислохоти судии соли 1864 муайян карда буд. Баъди галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр типи сифатан нави Суд, яъне Судхои хакикатан корпарию дехкони ташкил шуданд. 22 ноябри 1917 дар мачлиси СКХ РСФСР Декрет дар бораи суд кабул шуд, ки он асоси ташкили системаи судии республикахои совети (Украина, Белоруссия ва кишвари Туркистон) буд. Дар рафти тараккиёти чамъияти совети систамаи суди тагйир ва инкишоф ёфта, як катор актхои нормативии гуногун кабул шуданд.

Дар замони хозира системаи судии совети мувофики Асосхои конунгузории СССР ва республикахои иттифоки «Дар бораи сожти суди дар СССР (1980), Конун «Дар бараи Суди Олии СССР» (30 ноябри 1979) ва Конунхои республикахои иттифоки дар бораи сохти суди» (Конун «Дар бораи сохти судии Республикаи Совети Сотсиалистии Точикистон» (1981) ба рох монда шудааст.

Системаи суди мачмуи муайяни органхои судии давлати буда, ба принсипхои ягонаи ташкил ва фаъолият, ягонагии максаду вазифахо ва ваколати хар звенои он асос меёбад.

Мувофики Конституциян СССР (моддаи 151) ва Асосхои конунгузори оид ба сохти суди (,моддаи 1) ба системаи суди инхо дохиланд: Суди Олии СССР, республикахои иттифоки ва автономи, судхои кишвари, вилояти, шахри, округхои автономи ва вилоятхои автономи, судхои халкии райони (шахри), инчунин трибуналхои харби дар Куввахои Мусаллахи СССР.

Дар СССР Судхо ба ду гурух чудо метавашанд: 1) судхои СССР (хамаи судхои дорои ахамияти иттифоки), ки ба онхо Суди Олии СССР ва трибунахои харби дохил мешаванд. Хукм ва халномаи ин судхо аз номи Иттифоки Республикахои советии Сосиалисти бароварда шуда, дар тамомии терреторияи СССР амал мекунанд: 2) судхои республикахои иттифоки, ки ба онхо хамаи Судхои бокимонда дохил мешаванд. Хукм ва халномаи ин судхо аз номи республикаи иттифоки бароварда шуда, дар худуди хамин республика амал мекунанд. Дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон системаи суди аз се зина, яъне Суди Олии республика, судхои вилояти ва вилояти автономи, судхои халки райони (шахри) иборат аст. Суди шахрии Душанбе мувофики ваколаташ ба судхои вилояти баробар мебошад.

Интихоби будани Судхо яке аз кафолатхои ба амал баровардани адолати судист. Аммо тарзи ташкили органхои гуногуии суди вобаста ба мавкеашон дар системаи суди фарк мекунанд.

Судхои халкии райони (шахри)-ро бевосита ахолии район (шахр) бо рохи интихоботи умуми, баробар ва овоздахии пинхони ба мухлати панч сол интихоб мекунад. Машваратчиёни халки ба мухлати дуюним сол дар коллективхои мехнати, ташкилотхои чамъияти ва корхонахо бо рохи овоздихии ошкоро интихоб мешаванд. Судхои вилояти, вилояти автономи ва Суди Олии реснубликаи иттифоки ва Суди Олии СССР-ро Советхои депутатхои халкии вилояти, вилояти автономи, Совети Олии республикахои иттшфоки ва Совети Олии СССР дар сессияи 1-уми даъвати навбати ба мухлати панч сол дар хайати раис, чонишинхо, аъзоёни суд ва машваратчиёни халки интихоб мекунанд.

Трибуналхои харбиро Президиуми Совети Олии СССР дар хайати раис, чонишинхо ва аъзоёни трибунали харби ба мухлати панч сол интихоб мекунад. Машваратчиёни халкии трибуналхои харби бо рохи интихоботи ашкоро дар мачлисхои умумии хизматчиёни харбии кисмхои харби ба муддати ду сол интихоб мешананд. Хамаи Судхо суди инстансияи якум шуда метавонанд. Гайр аз Судхои халкии райони (шахри) ва Суди Олии СССР хамаи дигар Судхо хамчун Суди инстансияи кассасиони баромад карда метавонанд.

Хукмхои аз руи кори чинояти баровардашудаи баъди хафт рузи ба махкумшуда (агар касе аз иштирокчиёни мурофиаи суди ба тарики кассасиони шикоят накунад) супурдани нусхаи хукм, халномахои оид ба корхои граждани бошанд, баъди дах рузи эълон шуданашон (агар иштирокчиёни мурофиаи суди ба тарики кассасиони шикюят накунанд) ба хукми конун медароянд. Хукм ва халнамахои Суд факат баъди ба хукми конун даромаданашон ичро карда мешаванд. Хукм, халнома, таъинот ва карорхои ба хукми конун даромадаро ба тарики назорат аз сари нав дида барамадан мумкин аст.

Суди инстансияи якум дар хайати судя, раиси суд ё чонишинони вай ва ду машваратчии халки корхоро бевосита дида мебарояд. Конунгузории амалкунанда барои ба амал баровардани адолати суди шароитхои махсус пешбини кардааст. Адолати суди аз руи корхои чинояти мувофики кодекси чинояти ба амал бароварда мешавад. Махкум кардани шахс барои кирдоре, ки дар кодекси чинояти пешбини шудааст, хукуквайронкуни ва худсари дониста шуда, чазои муайянкардаи Суд чиноят хисоб мешавад.

Адолати суди аз руи корхои граждани дар асоси кодекси граждани ба амал бароварда мешавад. Ин кодекс муносибатхои бахсноки байни гражданхо (шартномаи хариду фуруш, шартномаи ичора, бахс дар бораи манзили истикамати ва гайра)-ро танзим мекунад. Хангоми дида баромадани корхои граждани Суд вобаста ба характери бахси пайдошуда, Кодекси конунхои оид ба мехнат, Кодекс дар бораи оила ва никох барин конунхоро татбик менамояд. Ягонагии тартиб ва шакли мурофиаи Судро аз руи корхои чинояти Кодекси мурофиавии чинояти ва аз руи корхои граждани Кодекси мурофиавии граждани мукаррар мекунад. Шакли суди ягона тарзи расмии ба амал баровардани адолати судии социалисти мебошад. Шакли мурофиавии суди асоснок ва конуни будани хукму халномаи суд, конунияти сосиалисти ва адолати хакикии судиро таъмин Мекунад.

С. Болтуев

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …