Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУБСТАНТИВАСИЯ

СУБСТАНТИВАСИЯ

СУБСТАНТИВАСИЯ (аз лотини substantivum — исм), ба исм гузаштани дигар хиссахои нутк. Дар забони точики бештар сифат ва сифати феъли бо ин рох ба исм гузаштаанд: Бо бадон бад бошу бо некон наку (Саъди). Аз павиштахои у фоидае нест (Айни). Ба тамаи манфиати номаълум фоидаи накдро аз даст додан кори хирадмандон нест (Айни). Дар растахо ояндагон ва равандагон хам кам буданд (Айни). Шумора, феъл ва дигар хиссахои нутк хам бо рохи Сустантиватсия  ба исм мегузаранд:     даромади колхоз, баромади раис, якеро сад магу, садро яке гуй. Сустантиватсия се хел мешавад: пурра — калима аз дигар хиссаи нутк пурра ба исм гузашта, танхо хамчун исм ифода мешавад (бекасаб, шохи, ришта, парранда), попурра — калима аз дигар хиссаи нутк пурра ба исм нагузашта, асосан хамчун исм ифода шавад хам, гохо ба вазифаи асосии худ меояд (гадо камбагал, ронанда, намоянда); матни — калимаи мансуби дигар хиссаи нутк танхо дар матн, дар чараёни нутк хамчун исм истифода мешавад (либосхои сохибчамол, нозхои абрукамон, равандаи танхогард, гашти асп). Калимахон бо усули Сустантиватсия ба исм гузашта, категорияхои грамматикии онро кабул карда, мисли исм ба вазифаи хамаи аъзохои чумла меоянд: Баъзе соддалавхон ё риёкорон ахфсонаи болоиро хам бо ин кушиши худ сабаб нишон медиханд (Айни). Чавоне аз хирадманде мепурсад (Айни).

Адабиёт: Рустамов Ш. Исм, Душанбе, 1980.

Ш. Рустамов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …